07:06 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
126110

Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, фавти зиёди мурғро дар кишвар овозаҳои бепоя хонда, сабаби болоравии нархи тухмро дар ҷумҳурӣ ба омилҳои хориҷӣ рабт дод

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Зиёзода дар шарҳи боло рафтани нархи тухм дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки якум наздики 70 дарсади ғизои парранда ба кишвар аз хориҷ ворид карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки хоҳем нахоҳем омили хориҷӣ ба нархи тухм таъсир мерасонад.

Вазири кишоварзӣ изҳор дошт, ки дар пайи гарон шудани нархи тухм дастур дод, ки фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли тухм таҳлил карда шавад. Ӯ афзуд, ки дар пайи таҳлили фаъолияти се корхона муайян шуд, ки арзиши аслии як дона тухм 1 сомонию 17 - 18 дирамро ташкил медиҳад.

Тибқи гузоришҳо аз бозорҳои Тоҷикистон, нархи тухми мурғ тайи тақрибан се моҳи охир боло рафта, то ба 1, 3 сомонӣ расидааст.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон аз омилҳои дигари болоравии нархи тухмро афзоиши талабот гуфт, ки чун мардум ба гуфтаи ӯ дар замони коронавирус мехоҳанд иммунитети қавӣ дошта бошанд.

Зиёзода дар баробари таъкиди асоснокии нархҳо иттилоъ дод, ки аз ҳисоби тавлиди бархе омехтаҳои хӯроки паранда дар кишвар мехоҳанд, нархи ин маҳсулотро нигоҳ доранд.

Ба итилои вазир, тибқи меъёрҳои физиологӣ, ки Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ҳар сокини ҷумҳурӣ бояд соле 180 дона тухм истеъмол кунад. Аммо корхонаҳои Тоҷикистон соли гузашта 983 миллион дона тухмро истеҳсол кардаанд, ки сари ҳар сокин 106 дона рост меояд.

Ба гуфтаи вазир, барои таъмини талаботи физиологии тоҷикистониён ба тухм зарур аст, ки дар кишвар соле на кам аз 1 миллиарду 600 дона тухм истеҳсол карда шавад.

Барчаспҳо:
нарх, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ