19:20 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1158 0 0

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, шарҳ дод, ки чаро ба ҷои сохтмони бинои нав тасмим гирифтанд, ки аз ҳукумати Душанбе маҷмааи “Душанбе Плаза” – ро харидорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik.  Холиқзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳар идора талош дорад, хароҷоташро кам кунад. Ӯ афзуд, ки аз ин рӯ Бонки миллӣ низ барои коҳиши хароҷот дар музоядаи фурӯши “Душанбе Плаза” иштирок карда, ғолиб омад.

Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки дар музояда иштирокдорони дигар низ будаанд, аммо пирӯз Бонки миллӣ шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки хариди бино охири соли 2020 сурат гирифта, феълан расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад.

Дар мавриди маблағи пардохт Холиқзода изҳор дошт, ки баъди анҷоми ҳисоббаробаркунӣ пули ниҳоии харҷкардаи Бонки миллӣ маълум хоҳад шуд ва онро ироа хоҳад кард.

Дар бораи хариди “Душанбе Плаза” аз ҷониби Бонки миллӣ қаблан Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон хабар дод.

"Вайҳо ҳисоб карда метавонанд, барояшон ба фикрам сабуктар ғалтид, пурра "Душанбе Плаза" - ро хариданд", - изҳор дошт раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ.

Қаблан тарҳи як бинои ҷадид дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки гуфта мешуд, бинои нави Бонки миллии Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо котиботи Бонки миллӣ бо нашри як иттилоия хабар дод, ки нияти сохтмони биноеро надоранд.

Пояҳои нави низоми бонкии Тоҷикистон: эътимоди мардум бармегардад?

Бинои "Душанбе Плаза" аз ҷониби ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал", ки марбути наздикони Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷик буд, бо маблағгузории ҳукумати Душанбе сохта шудааст.

"Душанбе Плаза" баландтарин бино дар Душанбе ба шумор меравад, ки баландияш 92 метру масоҳаташ 40 ҳазор метри мураббаъ арзёбӣ мешавад.

Барчаспҳо:
сохтмон, Бонки миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ