Бонки миллӣ гуфт дар як соли пандемия сомонӣ чӣ қадар беқурб шуд

Обуна шудан
Масъулини Бонки миллӣ эълон доштанд, ки беқурбшавии пули миллӣ дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ дар соли гузашта 16,6 фоиз коҳиш ёфт.
Джамолиддин Нуралиев, первый заместитель Председателя Национального банка Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
"45 кас қурби пулро муайян мекарданд": Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи кори "валютчикҳо"
Масъулини Бонк зимни нишасти матбуоти таъкид доштанд, ки баъд аз тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаина барои 1 доллар 11,30 сомонӣ муқаррар гардид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби бозори ғайрибонкии доллар ба 0,8 фоиз баробар шуд.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки тағйирёбии қурби асъор дар соли ҳисоботӣ асосан дар натиҷаи вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ бинобар идома ёфтани таъсири пандемия, коҳиш ёфтани қурби асъори миллии кишварҳои шарикони асосии савдо, камшавии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, маҳдуд гардидани равобити марзӣ, болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, инчунин идома ёфтани касри тавозуни савдои кишвар ба амал омад.
Холиқзода Ҳоким, раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар соли ҳисоботӣ ташкилотҳои қарзӣ дар самти беҳтар намудани миёнаравии молиявӣ, таъмини рушд ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, коҳиш додани қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби пасандозҳо ва сармояи хориҷӣ, зиёд намудани маблағгузорӣ ба иқтисодиёт, дастгирии соҳибкории хурду миёна то андозае корҳои муайянро ба анҷом расонидаанд.
Лентаи хабарҳо
0