12:16 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
568 0 0

Қарзи чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино бар иттилои  Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки қарзи умумии ин бонкҳо назди саҳҳомон айни ҳол  беш аз 1 миллиард сомонӣ ё ҳудуди 90 млн долларро ташкил медиҳад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид дошт, ки ин ба сабабҳои гуногун бонкҳо амволи худро фурӯхта наметавонанд, то пули амонатгузоронро пурра баргардонанд.

Вай қайд кард, ки чаҳор бонке, ки мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, дутоашон дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд, аллакай панҷ сол инҷониб бо собиқ мизоҷони худ ҳисоббаробарӣ карда наметавонанд.

Вай зикр кард, ки то имрӯз “Агроинвестбонк” ҳудуди 662 миллион сомонӣ, “Тоҷиксодиротбонк” - 344 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” - 50 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” - 5 миллион сомонӣ аз монатгузорон қарздор мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки, баъди як соли буҳронӣ шудани бонкҳо, соли 2016 Ҳукумати Тоҷикистон қарори  ҷудо кардани 3 миллиарду  320 миллион сомонӣ сармоя ба ин ду бонк ҶСК “Агроинвестбок” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро  содир кард. Ин миқдор маблағ, ки сармоякунонӣ ба бонкҳои мушкилотдор гуфта мешуд, тавассути Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Вазорати молияи Тоҷикистон бо гузаронидани 2 миллиарду 250 милион сомонӣ ба ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, саҳми худро дар ин бонк  ба 85, 2 %  ва бо ҷудо кардани 1 миллиарду 70 милион сомонӣ ба ҶСК “Агроинвестбонк” ҳиссаи худро дар ин бонк ба 87, 3% баробар кард.

Вале бо ин вуҷуд, ки ҳоло беш аз 85 % и саҳмдорони ин ду бонк Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва то пурра тобеъи ин ниҳоди давлатӣ гузаштани ҳарду ин ду бонк як қадам боқист, қарзи муштариён аз сӯи ин бонкҳо пурра пардохт карда нашудааст. 

Дар қатори ин ду бонк ҳамзамон мушкили буҳронро "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" низ доранд, ки то ба имрӯз амонатҳову пасандозҳои мизоҷонашонро пас надодаанд.

Барчаспҳо:
мушкил, доллар, қарз, Бонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ