Аз 7 - сомонӣ гузашт: нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ боз боло рафт

© SputnikОвезаи нархи сӯзишворӣ
Овезаи нархи сӯзишворӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Обуна шудан
Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон боз боло рафт. Ҳоло қимати ин навъ маводи сӯхт ба 7, 2 – 7, 5 сомонӣ дакка задааст
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ тағйир ёфта, то ба 7, 2 ва 7, 5 сомонӣ баробар шудааст.
Зажжение газовой конфорки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Тоҷикистон хариди газро аз Ӯзбекистон афзоиш доданист
Нархномаи нав дар муқоиса ба ду се рӯзи қабл аз 20 то 40 дирам ва назар ба моҳи январи соли ҷорӣ то ба 60 дирам, ё худ 10 % боло мебошад.
 Ҳоло арзиши як литр сӯзишвории диезлӣ ба 7, 2 сомонӣ ва бензини навъи АИ92 - 7, 2 сомонӣ, навъи АИ95 - 7, 5 ва дар баъзе аз фурӯшгоҳҳои маводи сӯхт ҳатто ба 7, 6 сомонӣ баробар шудааст.
Аксар ронандаҳои тоҷик мегӯянд, чунин болоравии нарх дар шароити хуруҷи пандемия боз ҳам ба ҷайби онҳо зарба мезанад. Бино ба гуфти сокинон, фурӯши ин навъ сӯзишворӣ дар деҳоти дурдасти кишвар боз ҳам гаронтар будааст.
Ҳусейн, як ронандаи таксӣ дар Хуҷанд мегӯяд,  баландравии нархи сӯзишворӣ ба фаъолияти онҳое, ки  мисли вай аз ҳисоби ронандагӣ рӯзӣ меёбанд, таъсири манфӣ дорад.
“Дар шароити болоравии нархи сӯзишворӣ баланд кардани ҳаққи роҳкирои мусофиркашонӣ (таксӣ) ҳам ногузир аст. Аммо дар чунин ҳолат бисёриҳо ба шароити иқтисодии худ фикр карда, аз нишастан ба таксӣ худдорӣ меварзанд”, - гуфт ронанда.
Цены на АЗС в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ боз боло рафт: ба 7 сомонӣ расид
Дар ҳамин ҳол аксар роҳбарони таъмингоҳҳои маводи сӯхт аз суҳбат дар бораи сабаби болоравии нарх парҳез мекунанд. Аммо як фурӯшандаи нуқтаи таъминоти сӯзишворӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров, болоравии бензин ва сӯзишвории дизелиро ба коҳишёбии воридот рабт дод.
 “Ҳоло бо сабаби гарон шудани қиммати қатор (вагон) арзиши моли фурӯхташаванда баланд бардошта шудааст. Дар ин миён болоравии нархи бушкаи нафт ҳам таъсир расонидааст”,  - гуфт фурӯшанда.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа асосан аз Русия ворид карда мешавад. Бино ба иттилоъи расмӣ, соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тон бензин ва 298 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст.
Абдулмаҷид Муъминзод, роҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон чанде қабл дар нишасти матбуотии ин ниҳод иброз намуд, ки соли 2020, ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ барои беасос баланд кардани нарх ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0