00:23 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
30 0 0

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълон кард, ки соли 2020 ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми 428 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти матбуотие гуфт, сармоягузориҳо ба иқтисоди Тоҷикистон асосан аз Чин, Арабистони Саудӣ ва Филиппин ворид гардиданд.

Вай афзуд, аз Чин зиёда аз 150 миллион доллар, Арабистони Саудӣ 39 миллион доллар ва Филиппин 38 миллион доллар сармоя ҷалб шудааст.

Раиси Кумита қайд кард, ки ҳудуди 162 миллион долар аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷӣ ба сармоягузориҳои мустақим рост меоянд.

Саъдӣ Қодирзода қайд кард, ки дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ба андозаи 53 дарсад кам шуданд.

Қодирзода бо истинод ба ниҳодҳои маъруфи байнулмилалӣ зикр кард, ки соли 2020 дар саросари дунё ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба миқдори 42 дарсад коҳиш ёфта, имсол 5-10 дарсад камшавии онҳо дар назар аст.

Вай таъкид дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон 70 лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии наздики зиёда аз 3,5 млрд доллар мавриди амалишавӣ қарор дорад.

Ҳудуди 50 дарсад маблағгузории лоиҳаҳои амалишаванда бар асоси қарзҳо ва 45 дарсад - бар асоси кумаки бебозгашт (грант) сурат гирифта, боқимондаро ҳиссаи маблағгузории ҳукумат ташкил медиҳад.

Ин маблағҳо ба барқарор ва рушди низоми нақлиёту энергетика, соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши кишоварзӣ ва обёрӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ ва дигар самтҳо равона мегарданд.

Барчаспҳо:
Кумитаи сармоягузорӣ, хориҷӣ, иқтисод, кам, сармоя, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ