Аз "Тоҷиктелеком" то "Роғун"-у "ТАЛКО" : Кумитаи андоз калонтарин қарздоронашро гуфт

© © Sputnik / Амир ИсаевГлава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Обуна шудан
Кумитаи андози Тоҷикистон калонтарин қарздоронашро эълон кард, ки дар садри он “Тоҷиктелеком”,  НБО Роғун ва ТАЛКО  менишиннад
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Нусратулло Давлатзода раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус 303,6 миллион сомонӣ қарзҳои андозӣ бештар гардид.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Дастури Раҳмон: то моҳи март кодекси нави андоз омода шавад
Ба иттилои Кумита, маблағи қарзи андозҳо дар ин давра, асосан, аз ҳисоби ҶСК "Тоҷиктелеком" 76 млн сомонӣ, ҶСК "НБО Роғун" 67,2 млн сомонӣ, КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 38 млн сомонӣ, ҶСК "НБО Сангтуда 1" ба маблағи 36 млн сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 35 миллон сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31 млн сомонӣ, “Талко Ресуср” 17 млн сомонӣ, “Алюминсохтмон” 16 миллион сомонӣ ва
Ба иттилои Кумита, бақияи қарзи андоз ба ҳолати 1 январи соли равон 884 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали соли гузашта 303 миллион сомонӣ афзудааст.
Ҷабри “вируси карона”: қарзи андоз дар Суғд зиёд шудааст
Тибқи иттилои манбаъ, давоми соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз 93, 7 фисад иҷро шуда, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба буҷа 600 миллион кам маблағ ворид шуд.
Лентаи хабарҳо
0