20:16 06 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
595 0 0

Агентии содирот мегӯяд, харидори асосии испаноқи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Масъулони Агентии содироти Тоҷикистон мегӯянд, харидори асосии маҳсулотҳои содиротии кишвар давлати Русия мебошад. 

Ба изҳори намояндаи ин ниҳод, лимони Тоҷикистон аз ҳама беш ба Русия содирот мешавад. Масъулони агентӣ дар нишасти хабарӣ таъкид намуданд, Тоҷикистон бар он мекӯшад, ки маҳсулоти содиротиро кордкард кунад.

Тоҷикистон ба Ҳиндустон мева содир карданист

Шавкат Бобозода директори Агентии содирот гуфт, соли ҷорӣ бо роҳбарони корхонаҳое, ки маҳсулоти Тоҷикистонро харидорӣ мекунанд, ҳатман мулоқот баргузор мекунанд.

"Мо шартҳои худро дорем ва онҳо низ талаботҳои зиёд пешниҳод мекунанд", - шарҳ дод Бобозода.

Директор агентӣ тавзеҳ дод, ки имрӯз вазифаи содиркунандагон ин коркарди маҳсулот аст.

Бобозода афзуд, ки новобаста аз омилҳои беруна ва таъсири пандемия, дар соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 1 миллиарду 406,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019, 232, 5 миллион ё 19,8 фоиз зиёд аст.

Зикр гардид, ки соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 129,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 20 миллиону 13 ҳазор доллар содирот карда шуд, ки нисбат ба соли 2019 1244,4 ҳазор доллар зиёдтар аст.

Барчаспҳо:
содирот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ