19:47 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
438 0 0

Зиёда аз 4,2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои истихроҷи инфиродии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо иҷозатнома гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар ин бора муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, аз шумораи умумии шахсони иҷозатномадор танҳо 500 нафарашон бо нуқтаҳои хариди  металлҳои қиматбаҳо шартнома бастаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар умум то охири соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 21 нуқтаи хариди металлҳои қиматбаҳо кушода шуд.

Аммо вазорат аз иттилоъ дар бораи миқдори тиллои харидаашон аз истихроҷкунандагони инфиродӣ худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 ба шахсони алоҳида иҷозат додааст, ки металлҳои ранга ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо истихроҷ кунанд.

Қаблан Саридораи геологияи кишвар хабар дода буд, ки харитаи конҳоро барои тиллои пошхӯрда таҳия кардааст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд бидуни пешниҳоди ягон ҳуҷҷат металҳои қиматбаҳоро фурӯшанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни касри буҷет як қисми захоири тиллоро фурӯхтааст

Ёдовар мешавем, қаблан Оймаҳмадзода Илҳомҷон, роҳбари Саридораи геологияи тоҷик  гуфт бо дастури ҳукумат, то имрӯз дар кишвар 145 қитъаро муаян кардаанд, ки сокинон метавонанд дар он ҷой тилло шӯянд.

Ба иттилои манбаъ,  ин минтақаҳоро  дар ҳудуди 900 киллометр дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Мӯъминобод ва Мурғоб ҷудо кардаанд.

Набзи иқтисодро бояд донем: истиқболи вазир аз тиллофурӯшии давлат

Ӯ гуфт, барои фаъолияти фардии тиллошӯйӣ баъзе талаботҳо ҳаст, ки яке аз он техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд набошад.

Барчаспҳо:
тиллошӯӣ, Вазорати молия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ