09:21 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
8701

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозати фаъолияти ду ширкатро дар бозори бима ва аудити ҷумҳурӣ тамдид кардааст

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, муҳлати амали иҷозатномаи ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ ба итмом расид.

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарор кардааст, ки бо роҳи тамдид ба ширкати “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шавад.

Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи “Суғуртаи Тоҷик ва Чин” аз 3 январи соли 2019 беэътибор дониста шудааст. Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор гардидаст, ки оид ба қарори мазкур ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намояд.

Инчунин Бонки миллӣ бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба ширкати  “Кроу Хорват - ЭЙСИҶИ” тавассути аз нав ба расмият даровардан то 6 сентябри соли 2021 барои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, иҷозатнома додаст.

Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор шудааст, дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намояд.

Барчаспҳо:
суғурта, бозор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ