Бонкҳои Тоҷикистон ипотекаро зиёд кардаанд

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевНовые жилые дома в Душанбе
Новые жилые дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Обуна шудан
Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми қарзҳои ипотекаро имсол зиёд кунанд, зеро дар кишвар рушди устувори бунёди биноҳои нав ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Дар Тоҷикистон ният доранд, ҳаҷми қарзҳои ипотекиро барои шаҳрвандони кишвар афзоиш диҳанд, навиштааст "Авеста".
Раҳмон Исломиддин Раҳмон, раиси ноҳияи Данғара ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо заминдорон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Қарз нест: Раҳмон гуфт, чанд миллиард доллар ба Данғара ҷалб шудааст
Бонкҳои кишвар тасмим гирифтанд, ки шумораи қарзҳои ипотекаро зиёд кунанд, зеро солҳои охир дар Тоҷикистон рушди устувори бинои манзил ба қайд гирифта шудааст. Аммо ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ қарзҳои ипотекӣ медиҳанд.
Андозаи маблағе, ки барои қарзи ипотекӣ ҷудо шудааст, нисбатан кам аст. Масъулини бонкҳои ҷумҳурӣ мегӯянд, барои гирифтани қарзи дарозмуддат амонати дарозмуддат лозим аст. Аммо дар ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ пасандозҳо кӯтоҳмуддат - аз як то сесола мебошанд.
Чунин муҳлати ками пасандозҳо имкониятҳо барои қарздиҳии ипотекиро коҳиш додаст. Дар маҷмӯъ, дар соли 2020, бонкҳо ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ, беш аз 9 миллион доллар қарзи ипотека доданд, ки ин нисбат ба соли 2019 ҳудуди 17,1 миллион сомонӣ ё худ 1,4 миллион доллар зиёд аст.
Қаблан роҳбарияти "Амонатбонк" эълон карда буд, ки дар нимаи дуюми сол ба муштариён қарзҳои ипотека пешниҳод мекунад. Тибқи омори соли гузашта, дар Тоҷикистон биноҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1,3 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба соли пешӣ 1,4% зиёдтар аст.
Лентаи хабарҳо
0