Дар Тоҷикистон арзиши доллар боз каме боло рафт

© Pixabay Доллары
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2021
Обуна шудан
Дар бозори дохилии асъори Тоҷикистон поинравии қурби пули миллӣ нисбат ба дигар асъорҳои хориҷӣ ба назар мерасад
ДУШАНБЕ, 29 март - Sputnik.  Дар Тоҷикистон қурби расмии доллар нисбати сомонӣ боз андаке боло рафт.
Ва сарфи назар аз он, ки доллар аз рӯи меъёри Бонки миллии Тоҷикистон якчанд дирам афзоиш ёфтааст, тағйиротҳо аёнанд.
Ҳамин тавр, имрӯз як доллар 11,3130 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле, ки дирӯз ин нишондиҳанда дар сатҳи 11.3120 сомонӣ қарор дошт.
Бояд гуфт, ки пули "амрикоӣ" дар Тоҷикистон аз нимаи моҳи март рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Он аз моҳи ноябри соли 2020 бетағйир буд.
Ҳамзамон, тақвияти қурби сомонӣ дар муқобили пули урупоӣ идома дорад.
Имрӯз як евро дар Тоҷикистон 13,3324 сомонӣ арзиш дорад. Ин асъори хориҷӣ аз аввали соли 2021 дар ҳоли коҳиш ёфтан аст.
Дар мавриди қурби рубл дар кишвар, БМТ онро барои як рубл 0.1484 сомонӣ муқаррар кардааст.
Ҳамин тариқ, асъори русӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати шинокунанда қарор гирифта, меафтад ва сипас аз рӯи нишондиҳандаҳо боз меафзояд.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0