Муовини вазири молия қурбро сабаби болоравии нархҳо гуфт: Бонки исломӣ қарз медиҳад

© Sputnik / Стас ЭтвешКошелек с деньгами, архивное фото
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Обуна шудан
Карим Гулмуродзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, яке аз сабабҳои болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷумҳуриро ба қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ рабт дод
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Гулмуродзода мегӯяд, дар пайи тағйирёбии қурби асъор ва дигар омилҳои таъсиррасон, нархи молҳои ниёзи мардум ва сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ афзоиш ёфт.
Заместитель главного редактора журнала «Авиапанорама», заслуженный военный летчик России Владимир Попов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Коршинос гуфт, ки чигуна метавон аз гароншавии чиптаҳо ба Русия пешгирӣ кард
Ноиби вазири молия ҳафтаи равон зимни ҷаласаи парлумон аз ҷалби қарз барои муътадил нигоҳ доштани нархи молҳои ниёзи мардум гуфт, аммо мушахассан ҳаҷми онро ном набурд.
Аз ҷумла ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, соли равон дар доираи ҳамкориҳои Агентии захираҳои моддии давлатӣ бо Бонки Исломии Рушд оид ба маблағгузории тиҷоратии ташкилоти мазкур, аз ҷониби Агентӣ соли 2021 харидорӣ ва ба кишвар ворид намудани молҳои ниёзи мардум, аз қабили гандум, шакар ва биринҷ ва маводи сӯзишворӣ  ба нақша гирифта шудааст.
Бар асоси қарори парлумон, маҳсулотеро, ки Агентӣ ворид месозад, аз пардохти боҷи гумрукию андоз озод мебошанд. Дар Тоҷикистон одатан давлат дар ҳолатҳои болоравии босуръати нархҳо, аз ҳисоби захираҳои худ ба бозор маҳсулот бо нархҳои пасттарро пешниҳод мекунад, то аз шиддати вазъ ҷилавгирӣ шавад.
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, соли 2020 воридоти гандум 999,1 ҳазор тонна, биринҷ 45,3 ва шакар 144,2 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 91 ҳазор,  19 ҳазор ва 15,5 ҳазор тонна кам мебошад. Ҳамчунин, тибқи маълумоти расмӣ, истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ маҷмӯан 863,7 ҳазор тонна ва биринҷ 80,1 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 мутаносибан 27,5 ва 16,2 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0