19:49 21 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Язык жестов. Архивное фото

Китоби имову ишора бо забони тоҷикӣ ба нашр мерасад

© Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
27410

Адабиёти таълимӣ аз ҳисоби буҷаи давлат ба нашр хоҳад расид, зеро вазорати маорифу илм натавонист онро ба дасти чоп диҳад. Дар буҷаи соли 2015 хароҷоти нашри китоб ба назар гирифта шудааст.

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Моҳи марти соли барои аввалин бор дар Тоҷикистон китоби таълимӣ барои кӯдакони ношунаво (кар) чоп мешавад, иттилоъ медиҳад ОИ "Авеста".

"Ҷиҳати нашри китоб тендер эълон шуда буд. Аллакай ғолиб маълум аст",- иброз дошт Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илм дар нишасти матбуотӣ.

Ба қавли вазир, қисмати аввали асари таълимӣ омода шуда, кор дар бахши дуюми он идома дорад.

"Мо се мутахассисамонро барои омӯзиши ҳаракатҳои имову ишора ба Русия равон кардем ва онҳо баргашта, қисматҳои алоҳидаи китобро комил карданд. Вақте ки китоб нашр шуд, он ба ҷойҳои зарурӣ ройгон ироа мешавад",-илова кард Саидов.

Ҳанӯз моҳи январи соли 2014 Саттор Қувватов, сарвари мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони кару гунги ноҳияи Рӯдакӣ дар бораи нашри китоби имову ишора бо забони тоҷикӣ иброз дошта буд. Ӯ он вақт гуфт, муаллифи китоб худи ман мебошам ва он аз 23 мавзӯъ иборат буда, 1594 ишора дорад.

То ин вақт дар Тоҷикистон аз адабиётҳои русӣ барои омӯзиши кӯдакони ношунаво ва гунг истифода мешуд. Ҳоло дар китоби тоҷикӣ 206 аломати ишоратӣ илова шудааст.

Тибқи иттилоъ, дар ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ҳазор кару гунг ба сар мебарад, ки аз ин шумора 3,2 ҳазорашро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Барчаспҳо:
нашр мешавад, ношунаво, кару гунгҳо, китоби имову ишора, мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, вазорати маориф ва илми ҶТ, Нуриддин Саидов, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ