16:52 10 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
378 0 0

Маркази милли тестии Тоҷикистон дар давраи номнависи довталабон барои шомил шудан ба донишгоҳҳои кишвар, аз онҳо хост ҳушёр бошанд ва ба доми қаллобон науфтанд.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Маркази миллии тестӣ аз довталабон ва волидони онҳо хост, "ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ҳушёр бошанд, то ба доми фиреб ва ваъдаи дурӯғини қаллобон науфтанд", омадааст дар муроҷиатномаи марказ, ки сомонаи ММТ онро нашр кард.

Марказ мегӯяд, эҳтимол дар ин маърака афроде пайдо шаванд, ки худро корманди масъули ин ниҳод муаррифӣ карда, барои дохил намудани ҷавонон аз онҳо пул талаб намоянд.

"Ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди маркази миллии тестӣ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед. Зеро ин ба ҷуз фиреб чизи дигар нест", — таъкид шудааст дар муроҷиатнома.

Масъулони марказ эълон доштаанд, "воситаи ягона барои дохил шудан ба муассисаҳои таълимӣ, танҳо донишу маҳорат аст" ва ба гуфтаи онҳо танҳо нафаре, ки қобилият дорад, соҳиби унвони донишҷӯӣ мешавад. Маркази милии тестӣ бо муроҷиат ба довталабони имсола гуфтааст, тамоми раванду марҳилаҳои имтиҳонот шаффоф ва одилона ба роҳ монда мешавад ва барои мисол тамоми рафти имтиҳонот тариқи камераҳо сабту назорат мегардад.

"Мутмаин бошед, имкони дахолати берунӣ ва тақаллуб дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷой надорад ва Марказ барои пешгирӣ аз ҳар гуна ниятҳои нопок ва амалҳои номатлуб дар ин раванд тамоми тадбирҳои амалиро меандешад", — омадааст дар изҳороти Маркази миллии тестӣ.

Даъвати маркази миллии тестӣ аз сокинони кишвар, махсусан, довталабон барои роҳ надодан ба қонуншиканӣ ва ришваситонӣ дар ҳолест, ки нахустин марҳилаи дохилшавии имсола ба донишгоҳҳои Тоҷикистон тибқи низоми нави имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ шурӯъ шудааст.

Маркази миллии тестӣ рӯзи 2 март бо таъсиси 26 нуқта дар 24 шаҳру ноҳияҳо ба сабти довталабон оғоз намуд. Хатмкунандаҳои мактабҳои миёна ва афроди дигаре, ки орзуи донишҷӯ шуданро доранд, то 15 апрел бо пешниҳоди 3 ҳуҷҷати асосӣ — шиноснома, маълумотнома аз мактаб ва ё аттестат ва расид оид ба пардохти маблағи иловагӣ, ки 170 сомонӣ муқаррар шудааст (ятимон аз пардохти ин маблағ озоданд), метавонанд худро номнавис кунанд.

Ҳарчанд масъулони Маркази миллии тестӣ мегӯянд, таҷрубаи нахустини онҳо дар соли гузашта муваффақона буд ва ҳолатҳои ришвагирӣ мушоҳида нашуд, аммо дар моҳи январи соли ҷорӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия эълон кард, "чунин ҳолатҳо буданд".

Раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар нишасти матбуотиаш гуфта буд, "агарчӣ дар соли 2014 довталабон аз тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳо дохил шуданд, боз ҳам буданд устодоне, ки бо роҳи фиреб ришва гирифтаанд".

Барчаспҳо:
дохилшавӣ, восита, санҷиш, мавсим, донишгоҳҳои олӣ, имтиҳон, қаллоб, муроҷиатнома, Маркази миллии тестӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ