01:14 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
40610

Таҳлили Маркази миллии тестӣ нишон додааст, ки хатмкунандагони макотиби Тоҷикистон аз фанни риёзӣ ё худ математика дониши нокофӣ доранд.

ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Як таҳлили Маркази милии тестӣ нишон додааст, ки довталабони тоҷик фоизи аз ҳама пасти холҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба макотиби олиро дар соли гузашта аз фанни риёзӣ ба даст овардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Таҳлили Маркази миллии тестӣ ошкор кардааст, ки довталабони тоҷик аз фанҳои дақиқ дараҷаҳои паст ба даст оварда ва бештар ба фанҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳ доранд. Ин таҳлил дар пайи натиҷагирӣ аз имтиҳоноти дохилшавӣ ба макотиби олӣ тариқи Маркази милии тестӣ дар соли 2014, ки барои Тоҷикистон таҷрибаи аввал буд, сурат гирифтааст.

Ҷамшед Азимов, сардори шӯъбаи таҳияи маводи имтиҳонии ин марказ ба радио, "натиҷагирии имтиҳонҳо ва таҳлили тестҳо аслан ба ду мақсад гузаронида мешавад. Яке санҷидани коршоямии тестҳо ва дигаре муайян кардани сатҳи донишу малакаи довталабоне, ки дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок мекунанд. Таҳлилҳои мо тахассусӣ ҳастанд ва онҳоро дар забони тестшиносӣ, таҳлилҳои оморӣ ва психометрӣ мегӯянд. Ин таҳлилҳо имкон медиҳанд, ки мо дараҷаи душворӣ, қудрати тафриқавии ҳар як савол ва дар умум боэътимодии тестро муайян кунем."

"Аз таҳлил бармеояд, ки дониши довталабон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, ҳуқуқи инсон беҳтар аст. Онҳо тавонистанд, ки аз ин фанҳо холҳои бештарро ба даст оранд. Вале дар дохили ин фанҳо низ бахшҳое ҳастанд, ки дониши довталабон қонеъкунанда набуд. Масалан аз фанни забон ва адабиёти тоҷик агарчи дониши хонандагон дар бахши морфологияву синтаксис хуб аст, дар таҳлили шеъру хулосабарорӣ мушкилӣ мекашанд. Аз фанҳои даққиқ, математика, физика, химия воқеан каме холҳои пастро ба даст оварданд", гуфтааст Азимов.

Нисбатан суст будани хонандагон аз фанҳои даққиқ дар ҳоле садо медиҳад, ки аз рӯи маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли 2014 дар олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ аз фанҳои даққиқ хонандагони тоҷик соҳиби 128  медал шудаанд. Масъулони ин ниҳод мегӯянд ба хотири таҷрибаи соли аввал будани имтиҳоноти марказонидашуда наметавон хулосаи қатъӣ баровард, ки хонандагони мо дар кадом равияҳо малакаи бештар доранд.

Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи Вазорати маориф ва илм ба "Озодӣ" гуфтааст, "дар имтиҳоноти соли дуюм ва сеюм, ки Маркази миллии тестӣ мегузаронад, мо метавонем пурра муайян кунем, ки хонандагони мо бештар ба кадом равия таваҷҷӯҳ доранд. Ин решаи таърихӣ дорад ва ҳеҷ ҷои пинҳон кардан ҳам нест, ки бештари мардуми мо таваҷҷӯҳ ба фанҳои гуманитарӣ, аз қабили адабиёту таърих доранд, вале вақте ки талабот ба фанҳои даққиқ зиёд шуд, аллакай ин чизро дидан мумкин аст, ки сокинон кӯшиш мекунанд фарзандонашонро дар мактабҳое супоранд, ки бештар равияи даққиқ ва техникӣ дошта бошанд".

Маркази миллии тестӣ моҳи декабри соли 2013 дар назди Вазорати маориф ва илм ифтитоҳ ёфт ва феврали 2014 ба Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Барои гузаштан ба низоми нави имтиҳони қабул Тоҷикистон сар аз соли 2008 омодагӣ мегирифт ва алаккай соли дуюм мешавад, ки довталабони тоҷик барои дохил шудан ба мактабҳо олӣ маҳз тариқи ҳамин марказ имтиҳон месупоранд.

Барчаспҳо:
фанҳои гуманитарӣ, таҳлил, макотиби олӣ, фанҳои дақиқ, довталабон, дохилшавӣ, риёзӣ, имтиҳон, Маркази миллии тестӣ, Ҷалолиддин Амиров, Ҷамшед Азимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ