Ҳушдори вазир ба мудирони мактабҳо дар бораи либоси хонандагон

© SputnikВазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ба раҳбарони мактабҳои миёна ҳушдор дод, ки барои харидуфурӯши либоси хонандагон онҳоро аз кор хоҳанд ронд.

ДУШАНБЕ, 12 май Sputnik. Нуриддини Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, аз мудирони мактабҳои миёнаи кишвар хост, ки ба харидуфурӯши либоси мактабӣ машғул нашаванд, менависад "Радиои Озодӣ".

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар вазорати маориф ва илми Тоҷикистон телефони эътимод пайдо шуд

"Агар шунидам, ягон нафари Шумо ба харидуфурӯши сару либос машғул аст, як рӯз кор кардан намемонам. Вазифаи директор фақат аз бастани қарордод миёни мактаб ва истеҳсолкунанда бо хоҳиши волидон аст, на аз ин бештар", — гуфтааст вазир зимни ҳамоише 12 май дар шаҳри Душанбе.

Ба қавли вазири маорифи Тоҷикистон, ҳар як волидайн ҳақ доранд, бо хоҳиши худ барои фарзандашон аз корхонаҳо либос харанд, на ин ки мудирони мактаб маҷбур созанд, ки аз онҳо либос бигиранд. Нуриддини Саид ҳамчунин бо таассуф аз сифати пасти либосҳои ширкатҳои ватанӣ ёдоварӣ намудааст.

Вай афзудааст, ҳоло сокинон бештар либосҳои дӯхтаи ширкатҳои хориҷиро интихоб менамоянд.

"Дар таҳияи либос бештар ба рангҳои рӯшан, ки наврасон ба он таваҷҷуҳ доранд, рӯ биоред. Дигар ин ки нархи маҳсулоти дохилӣ аз хориҷӣ фарқи чандон надорад", — хостааст ваизр аз масъулони коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ.

Дар Тоҷикистон дар ҳашт соли пеш дастурамали либосҳои мактабӣ ба тасвиб расид. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳашт сол боз барои ин тасмимашон "гап" мешунаванд, аммо аз кишварҳои дигар барои омӯзондани таҷрубаи худ пешниҳодҳо гирифтаанд.

Занги камолот - Sputnik Тоҷикистон
Вазири маориф: “занги камолот” 6 июн, 45 дақиқа баргузор шавад

"Ин ҷо сухан аз арзишҳои ватанӣ ва зебоипарастӣ меравад. Баъд, кишварҳои дигар ба мо барои омӯзондани ин таҷриба муроҷиат мекунанд ва алакай баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ба ин кор сар кардаанд", — афзудааст вай.

Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон, зимни ҳамоише, ки 12 май дар Душанбе баргузор шуд, аз сокинон даъват кард, бештар либосҳои дӯхтаи ширкатҳои ватаниро харидорӣ кунанд. Чун ба гуфтаи ӯ, талаботи зиёд ба моли ширкатҳои ватанӣ моликонашонро водор мекунад, дар фикри беҳтар кардани сифат ва ташкили ҷойҳои кории бештар бошанд.

"Тибқи маълумоти мо, 127 корхона ва коргоҳи дӯзандагӣ дар кишвар фаъол аст. То имрӯз 395 муассисаи таълимӣ бо ин корхонаҳо шартнома дорад ва барои беш аз 300 ҳазор хонанда либос пешниҳод кардаанд. Танҳо 5 дарсади хонандаҳо бо либосҳои мактабии корхонаҳои дохилӣ таъминанд", — гуфтааст Ҷабборӣ.

Лентаи хабарҳо
0