Дархости Зуҳуров аз Қирғизистон барои тарҷумаи китобҳои қирғизӣ

© SputnikПарлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шукуҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ҳар сола то 22 нафар қирғизҳои Тоҷикистонро барои таҳсил ба Қирғизистон баранд.

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сарвазири Қирғизистон хостааст, ки дар тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забони қирғизӣ мусоидат кунад, менависад сомонаи парлумон.

Нашри китоб дар бораи тоҷикистониёне, ки Украинаро озод кардаанд

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, 8-уми июн Шукурҷон Зуҳуров, Раиси парламенти Тоҷикистон бо Темир Сариев, сарвазири Қирғизистон мулоқот кард.

Шукурҷон Зуҳуров аз ҷониби Қирғизистон хоҳиш кардааст, ки барои тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забони қирғизӣ барои мактабҳои таҳсилоти миёна дар ноҳияҳои Ҷиргатолу Мурғоб мусоидат кунад.

Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, дар Тоҷикистон 56 ҳазор нафар аҳолии қирғизҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Мурғоб ва дигар манотиқи кишвар зиндагӣ мекунанд. Аз 60 мактаби миёнаи ноҳияи Ҷиргатол, дар 23-тоаш таҳсил ба забони қирғизӣ мебошад. Дар 22-мактаби миёнаи дигар таҳсил ба забонҳои тоҷикию қирғизӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳияи Мурғоб 14 мактаби миёна аст, ки дар 13-тои он фарзандони мардуми маҳаллии қирғизҳо таҳсил менамоянд.

Спикери парламент гуфтааст, ки ҳамасола аз ҷониби мактабҳои олии Ҷумҳурии Қирғизистон ба тариқи квота ба қирғизҳои маҳаллии ноҳияҳои Мурғобу Ҷиргатоли Тоҷикистон то 12 ҷой ҷудо карда мешавад, ки ин хеле кам аст. Аз ҷониби Қирғизистон хостааст, ин теъдодро барои ин ноҳияҳои баландкуҳи Тоҷикистон то 22 адад расонад.

Лентаи хабарҳо
0