19:24 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Литсейи муштараки тоҷикию туркӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Литсейҳои туркӣ дар ҶТ ба литсейҳо барои лаёқатмандон табдил шуданд

© Sputnik Амир Исаев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
97 0 0

Бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамакнун ҳамаи литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ ба муассисаҳои давлатии кишвар табдил дода шуданд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Литсейҳои муштараки тоҷикию туркӣ ҳамакнун ба "Литсей барои хонандагони болаёқат"-и давлатии Тоҷикистон табдил шуданд, менависад АМИТ Ховар.

Дар ин маврид ахиран қарори раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон, содир шудааст.

Тибқи ин қарор муассисаи таълимии "Литсей-интернати муштараки тоҷикию туркии ба номи Ҳоҷи Камоли шаҳри Душанбе", "Литсей —интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии Душанбе", инчунин литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркии шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб ва ба номи Ҷалолиддин Румии шаҳри Қӯрғонтеппа бо нигоҳ доштани иншооти мавҷуда, воҳидҳои кории амалкунанда ва бо тартиби худмаблағгузорӣ мутаносибан ба Муассисаи давлатии таълимии /МДТ/ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе", МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе", МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд", МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Турсунзода", МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Қӯрғонтеппа", МДТ "Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб" табдил дода мешаванд.

Раиси ҳукумат Вазорати маориф ва илмро муваззаф кардааст, ки масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои зикршударо ҳал намояд. Ҳукумати Тоҷикистон инчунин Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 авгутси соли 1994-ро, ки заминаи ҳуқуқии фаъолияти литсейҳои туркӣ буд, аз эътибор соқит карда, масъалаи ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супоридани биною иншоот ва дигар амволи муассисаҳои зиркшударо ба дӯши Вазорати маориф ва илм вогузор кардааст.

Қаблан Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз поён ёфтани шартномаи фаъолияти литсейҳои туркӣ, ки таҳти пуштибонии ширкати "Шалола" дар кишвар фаъолият мекунанд, хабар дод ва баъдан масъалаи тағйири номгузорияшонро ба миён гузошт. Ба иттилои ин ниҳод, "Шалола" дорои 6 литсей дар Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанд буда, инчунин литсейи байналмилалии Душанбе низ ба он тааллуқ дорад.

"Шалола" ба ҳаракати "Хизмет"-и рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен марбут дониста мешавад, ки феълан аз ҷониби ҳукумати Раҷаб Эрдуғон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Қаблан расонаҳои туркӣ навиштанд, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз мақомоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон хостааст, то мактабҳои Гюленро банданд, аммо вазири маорифи Тоҷикистон ин иттилоъро рад намуд.

Барчаспҳо:
табдил шудани литсейҳои туркӣ ба литсейҳо барои лаёқатмандон, барҳамдиҳӣ, давлатӣ, қарори ҳукумат, литсейҳои туркӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Туркия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ