03:36 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Довталабон дар ММТ дар нахустин рӯзи эъломи натоиҷи имтиҳоноти қабул

Ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳудуди 36 ҳазор довталабон пазируфта шуданд

© Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ҳудуди 36 ҳазор нафар довталабон пазируфта шуданд, ки нисбати соли гузашта тақрибан 10 ҳазор нафар бештар мебошанд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Дар нахустин рӯзи эъломи натоиҷи имтиҳонот — 8 август дар саҳни ҳавлии Маркази миллии тестӣ (ММТ) довталабон, волидайн ва ҳатто бобову бибиҳои онҳо гирдиҳам омада буданд. Бештаре аз онҳо мегуфтанд, ки пайёмакҳои телефонӣ дар бораи натоиҷи имтиҳонотро, ки бояд дар тӯли ду рӯз ба онҳо мерасид, дарёфт накардаанд.

Дар худи марказ бад ин манзур чанд нуктаи қабули шаҳрвандон фаъол шуда буд, ки ба суолоти ҷамъомадагон 56 корманди ММТ посух мегуфтанд. Ба ҷуз аз ин хати тамоси оҷил фаъол шуда буд.

Чунин таҷаммуъи мардумро дар марказ бад ин маънӣ тавзеъ доданд, ки бархе аз довталабон аз навоҳии дурдаст ба гунаи солҳои қаблӣ ба шунидани хабар аз масъулон авлавият медиҳанд — пайёмакҳо чандон эътибор надоранд.

Дар ҳамин ҳол, ошкор шуд, ки бархе аз афроде, ки пайёмаки натоиҷи манфиро дарёфт кардаанд, ба марказ омада хостори таъйиди ин хабар шудаанд.

"Набераи ман ҳанӯз 25 июл пайёмак гирифт, ки пазируфта шуд. Мо хеле хушҳол будем, вале имрӯз пайёмак бо посухи радд омад, ин чӣ хел мешавад?", — хонуме бо ашки дидаҳо аз муъовини мудири ММТ Маҳмадалӣ Раҳмонов суол мекард.

Ба гуфтаи вай соли гузашта низ ин суол аз мушкилоти аслӣ буд. Тибқи тавзеъи Раҳмонов бештаре аз мардум фарқи "ба озмун роҳ ёфт" ва "аз озмун нагузашт"-ро дақиқ намефаҳманд.

"Бархеҳо ҳанӯз 25 июл аз пазируфта шудани худ ба донишгоҳро ҷашн гирифтанд, ҳарчанд онҳо пайёмаке дар бораи имтиёзоти гузар дарёфт карданд, ин ба он маънист, ки онҳо ба тавзеъи имтиёз раҳ ёфтаанд. Пайёмаки дуввум ба онҳо хабар медиҳанд, ки онҳо донишҷӯй шудаанд ё на", — тавзеъ медиҳад Раҳмонов.

Пазируфта шудан ва ё радди ин амр ба чунин наҳва мушаххас мешавад: ин амр аз интихоби ихтисос бастагӣ дорад. Агар ба ин тахассус ҳадди ақал 100 нафар пазируфта мешуда бошанд, пас барномаи компютерӣ 100 нафари дорои имтиёзоти бештареро интихоб мекунад ва онҳо донишҷӯй мешаванд.

Ба ин тартиб ба иттилоъи ММТ дар соли ҷорӣ 14 ҳазору 622 нафар аз имтиҳонот нагузаштаанд.

Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Раҳмонов дар соли ҷорӣ ба гунаи соли гузашта кластери 5 "Пизишкӣ, биология, варзиш" ва кластери 4 "Ҷамъиятшиносӣ ва ҳуқуқ" дар миёни довталабон бештар маҳбубуият доштанд. Тибқи кластери 5 аз 10 ҳазору 363 довталаб ба давраи ниҳоӣ 8 ҳазору 551 нафар раҳ ёфтанд, ки нисбати омори соли гузашта 8,36% бештар аст.

Дар маҷмӯъ имтиҳоноти қабул аз 1 то 12 июл тибқи панҷ кластер сурат гирифтаанд.

"Фикр мекунам, агар инсон омодагӣ бубинад, қабул шудан тибқи навҳаи ҷадид воқеъӣ мебошад. Барои ман душвор набуд. Ман унвони донишҷӯйи бахши "Молия ва қарз"-и Донишкадаи иқтисод ва молияи Тоҷикистон шудам", — гуфт дар мусоҳиба бо Sputnik Бурҳониддин Қурбонов, яке аз довталабон.

Соли дуввум аст, ки имтиҳоноти қабул дар Тоҷикистон бо навҳаи ҷадид сурат мегиранд. Ин навҳа ба манзури ҷилавгирӣ аз мавориди фассод зимни қабул ва шаффофияти он, арзёбии воқеъии дониши довталабон ва омода кардани кадрҳои ҳирфаӣ роҳандозӣ шудааст.

Довталабон дар ММТ интизори пайёмаҳои натоиҷи имтиҳоноти қабул ҳастанд
© Sputnik Махпора Киромова
Довталабон дар ММТ интизори пайёмаҳои натоиҷи имтиҳоноти қабул ҳастанд

Мавзуъ

Дар ММТ имтиҳоноти дохилшавӣ шурӯъ гардиданд
ММТ: довталабони тоҷик аз риёзӣ дониши нокофӣ доранд
ММТ: ба ҳеч кас ришва надиҳед
ММТ: арзиши хизматрасонӣ имсол 170 сомонӣ муайян гардид
Барчаспҳо:
норозиён дар назди марказ, эъломи натоиҷи имтиҳонот, ММТ, Маҳмадалӣ Раҳмонов, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ