06:38 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Довталабон дар ММТ интизори пайёмаҳои натоиҷи имтиҳоноти қабул ҳастанд

Ёвари раиси ММТ: шояд тақсимоти такрорӣ сурат бигирад

© Sputnik Махпора Киромова
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
175 0 0

Бештари ихтисосҳое, ки ҷойҳои холиашон боқӣ мондааст, ба кластери 1, ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ рост меоянд ва аз рӯи донишгоҳҳо дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва ба ҳамин монанд, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камтар интихоб шудаанд.

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ба озмуни тақсимоти макотиби олӣ 50 ҳазору 614 довталаб роҳ ёфтанд ва дар озмуни тақсимот 35 ҳазору 922 нафар донишҷӯ шуданд,14 ҳазору 699 нафари дигар дар ин озмун муваффақ нашуданд, менависад Радиои Озодӣ ба истинод ба ёвари раҳбари ММТ Абдулвосит Юлдошев.

"Айни замон иҷрои нақшаи қабул ба донишгоҳҳои кишвар ҳудуди 76 дар садро ташкил дода, 24 дар сади ҷойҳои нақшавӣ холӣ мондааст. Ҷойҳои холӣ ҳам бештар аз ҳисоби ихтисос ва донишгоҳҳое аст, ки аз сӯи довталабон камтар ва ё аслан интихоб нашудаанд",- иброз доштааст ёрдамчии директори Маркази миллии тестӣ.

Ба иттилоъи манбаъ, бештари ихтисосҳое, ки ҷойҳои холиашон боқӣ мондааст, ба кластери 1, ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ рост меоянд ва аз рӯи донишгоҳҳо дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва ба ҳамин монанд, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат камтар интихоб шудаанд.

Оқои Юлдошев гуфтааст, ҳоло ҳеч гуна қароре дар бораи тақсимоти такрории довталабон ба ҷойҳои холӣ нест, дар сурати қабул шудани он, ҳатман тавассути телевизион ба тамоми довталабоне, ки муваффақ нашудаанд, эълон мекунем.

"Пешниҳодҳо ҳаст ва баррасӣ мешавад ин мавзӯъ, аммо ҳоло чизе дақиқ гуфта наметавонем",-қайд кардааст ӯ.

Ба қавли Юлдошев, раванди имтиҳонсупорӣ аз тарафи волидон, комиссиюни ҷамъиятӣ ва ВАО назорат мешуд ва ММТ то имрӯз дар мавриди қонуншиканӣ ва тақаллубкорӣ ягон муроҷиат ё шикоят нагирифтааст.   

Барчаспҳо:
24 дарсади ҷойи холӣ дар донишгоҳҳо, имтиҳонсупорӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, тақсимоти такрории довталабон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Маркази миллии тестӣ, ММТ, Абдулвосит Юлдошев, Хуҷанд, Душанбе, Хоруғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ