04:07 16 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Пайёми раисҷумҳури Русия ба Маҷлиси Федералӣ. 3 декабри соли 2015

Путин: барои таъмиру тармими мактабҳо 50 миллиард ҷудо мешавад

© Sputnik / Алексей Никольский
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Теъдоди хонандагони макотиб дар Русия ҳамасола зиёд мешавад ва тайи 10 соли оянда шумори онҳо то 3,5 миллион афзоиш хоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ҷойҳои нишасти иловагӣ дар мактабҳо зарур мешавад, зеро теъдоди толибилмон давоми даҳ соли оянда 3,5 миллион бештар хоҳад шуд, иброз дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аснои ироаи пайёмаш ба Маҷлиси Федералӣ.

"Муҳим он аст, ки толибилмони мо бо мактабу ҷиҳози таълим таъмин бошанд, бештар шудани шумори онҳо ба сифати хонишашон таъсири манфӣ нарасонад. Кӯшиш бояд кард, ки сатҳу сифати таълим боз ҳам рушд кунад",- гуфт президенти ФР.

Ба қавли Путин, бо дастури ҳукумати марказӣ мақомоти маҳаллӣ ва минтақаҳо нақшаи муассири фаъолиятро дар ростои маориф таҳия карда, зина ба зина онро татбиқ менамоянд.

"Тайи солҳои оянда даҳҳо мактаб сохта шуда, фақат барои таъмиру тармими макотиб дар соли 2016 ҳудуди 50 миллиард рубл ҷудо мегардад",- афзуд Путин.

Ҳамзамон Владимир Путин ба мушкилоти амниятии ҷаҳони муосир ишора карда, даъват намуд, ки "як ҷабҳаи муштараки зиддитеррористӣ ташкил шавад, ки бар асоси қонунҳои байналмиллалӣ ва зери назари СММ" фаъолият кунад.

 

 

Барчаспҳо:
мактаб, мақомоти маҳаллӣ, СММ, рубл, миллиард, муассир, минтақаҳо, Маҷлиси Федералӣ, Владимир Путин, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ