06:38 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Довталабони макотиби олӣ пас аз эъломи натоиҷи имтиҳоноти дохилшавӣ дар рӯзи аввал

ММТ арзиши хизматрасонии ИМД-2016-ро эълон кард

© Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
219 0 0

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм, ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд.

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Шахсони барои иштирок дар ИМД-2016 (имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ)  аз қайдгузаранда маблағи муайяншударо дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бояд пешакӣ супоранд ва бо расид дар бораи пардохт ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шаванд, омадааст дар хабари Маркази миллии тестӣ.

Ин марказ мегӯяд, онҳое, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  аз қайд гузаштан мехоҳанд, ҳоло дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб 200 (дусад) сомонӣ барои бақайдгирӣ (асосӣ), даври 2-юми азнавбақайдгирӣ ва бақайдгирии иловагӣ муайян шудааст.

Ҳамчунин, 20 (бист) сомонӣ барои даври 1‑уми азнавбақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар озмуни тақсимоти такрорӣ пардохтан кардан зарур аст.

Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм, ятимони кулл ва бепарасторон, ки хоҳиши дар ИМД-2016 иштирок карданро доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд. Шахсоне, ки падар ё модарашон вафот кардааст, барои иштирок дар ИМД танҳо 50 %-ро аз маблағи муайяншуда, яъне 100 (сад) сомонӣ пардохт мекунанд. Шахсони чунин имтиёздошта ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

Супоридани аснод ба ММТ барои ИМД-2016 аз фардо, 1 март оғоз мегардад.

Барчаспҳо:
арзиши ҳуҷҷатсупорӣ, бақайдгирии довталабон, имтиҳони дохилшавӣ, ИМД, маркази миллии тестӣ, ММТ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ