09:54 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи Самара. Акс аз бойгонӣ

Самара довталабони тоҷикро даъват мекунад. Ба таҳсил

© Страница СГАУ в Facebook
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
19310

Онҳое, ки аз имтиҳони умумӣ мегузаранд метавонанд дар баробари шаҳрвандони рус ба сафи донишҷӯёни донишгоҳ дохил шаванд, мегӯяд сардори шӯъбаи мобилӣ ва ҷалбкунии Донишгоҳи Самара Евгений Чурсин.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Зиёда аз 50 довталаби тоҷикистонӣ дар даври аввали номнависӣ ба қатори донишҷӯёни Донишгоҳи миллии тадқиқотии ба номи С.П. Королева дохил хоҳанд шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии муассисаи таълимӣ.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ба донишгоҳ, ки соли 2015 дар натиҷаи ҳамроҳшавии Донишгоҳи давлатии Самара бо Донишгоҳи давлатии фазонавардии ба номи С.П. Королева таъсис ёфт, дар доираи  озмуни умумӣ қабул мешаванд, гуфт сардори шӯъбаи мобилӣ ва ҷалбкунии Донишгоҳи Самара Евгений Чурсин.

"Ҳамаи шаҳрвандоне, ки аз имтиҳони умумӣ гузаштаанд, метавонанд дар баробари шаҳрвандони Русия ба қатори донишҷӯёни донишгоҳ дохил шаванд. Чунин имконият барои довталабон дар доираи Тавофуқномаи ҳуқуқи баробар барои шаҳрвандони кишварҳои аъзои Шартномаи таъмини ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ фароҳам оварда шудааст. Дар бахши таълими шартномавӣ низ ҳамчунин",- қайд кард ӯ.

Шумораи умумии довталабони тоҷик ҳоло маълум нест, чунки дар баробари онҳо Донишгоҳи Самара ба қабули донишҷӯёне, ки тариқи  квотаҳои Россотрудничество бидуни имтиҳон дохил мешаванд, омодагӣ мебинад.

"Мо метавонем тақрибан шумораи донишҷӯёнро бо дарназардошти натиҷаи имтиҳон ва олимпиадае, ки бо дастгирии Россотрудничества дар Тоҷикистон аз фанҳои физика ва риёзӣ гузоронида будем, пешгӯӣ намоем. Дар умум дар озмун 203 хонанда аз 41 мактаби кишвар ширкат варзиданд. Ба назари ман шумораи довталабон зиёда аз 50 нафар хоҳад  буд, шумораи аниқ танҳо баъди кори комиссияи қабул маълум мешавад",-қайд кард Чурсин.

Дар баробари ин Донишгоҳи Самара ғолибони озмунҳи фанниро, ки бо фармони Вазорати маориф ва илм тасдиқ шудааст, қабул менамояд, илова кард Чурсин.

Мавзуъ

Россотрудничество дар омӯзиши улуми дақиқ ба донишҷӯён кӯмак мекунад
Барчаспҳо:
довталабон, таълим, донишгоҳ, омӯзиш, Донишгоҳи миллии тадқиқотии ба номи С.П. Корлева, Донишгоҳи Самара, Россотрудничество, Евгений Чурсин, Самара, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ