16:56 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Дар конфронси илмӣ дар Новосибирск зиёда аз 700 гузориши илмӣ пешниҳод гардид. Ҳамчунин, донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ дар олимпиада аз рӯи се забон, ки низ дар ҳамин шаҳр доир шуд бо муваффақият иштирок карданд.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар конфронси "Абуалӣ ибни Сино-2016" кори донишҷӯи қирғиз Байгелди Нурдинов беҳтарин дониста шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Донишгоҳи тиббии Қирғизистон ба Sputnik Қирғизистон.

Ҳафтумин конфронси илмӣ-амалии "Абуалӣ ибни Сино-2016"  14 апрел дар Новосибирск доир гардид. Дар конфронс донишҷӯёни кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.

Дар форум зиёда аз 700 гузориши илмӣ муаррифӣ гардид. Донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Қирғизистон Нурдинов дар мавзӯъи "Растаниҳо зидди радиатсия" гузориш пешниҳод намуд.

Нурдинов аснои суҳбат бо хабарнигори Sputnik Қирғизистон гуфт, барои пешниҳод намудани мавзӯъи мазкур ҳанӯз аз соли 2012 омодагӣ мебинад.

"Ба ман имконият дода шуд, то дар бораи мавзӯъе, ки бароям шавқовар аст, бигӯям ва нақл кунам. Дар гузориш ман ба пуррагӣ дар бораи имконияти истифодаи растаниҳо барои муҳофизати замин аз таъсири радиатсия нақл кардаам", —шарҳ дод Нурдинов.

Ҳамчунин, донишҷӯёни ДДТҚ дар олимпиада аз фанҳои забони лотинӣ, таърихи анатомия ва анатомия дар Новосибирск ширкат варзида, ҷои дуюмро ишғол намуданд.

Мавзуъ

Канада барои донишҷӯёни ДОМ бурсияи таълимӣ ҷудо мекунад
Барчаспҳо:
ғолиб, студент, ғолибият, конфронс, олимпиада, донишҷӯ, озмун, ДДТҚ, Доиншгоҳи давлатии тиббии Қирғизистон, Байгелди Нурдинов, Новосибирск, Қирғизистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ