11:02 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Бозори Шоҳмансур дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Назар: хатмкунандагони донишгоҳҳо бештар дар тиҷорат муваффақ мешаванд

© Sputnik / Алексей Куденко
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
81 0 0

Ба саволҳои "чаро “молшинос”, “коршиноси маҳсулот”, “мудир оид ба фурӯши молҳо” ва “менеҷер”-у ғайра дар бозорҳои меҳнати кишварҳои ИДМ талаботи зиёд доранд?", декани факултаи иқтисодиёти савдо ва маҳсулотшиносии Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов Марина Положишникова посух гуфт.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Декани факултаи иқтисодиёти савдо ва маҳсулотшиносии ДИР ба номи Г.В. Плеханов Марина Положишникова дар бораи сабабҳои талаботи зиёд доштани бозорҳои меҳнати кишварҳои ИДМ ба соҳаи савдо ба Sputnik нақл кард.

-Марина Александровна, то ҳол ҳам довталабон аз ИДМ ба факултаи шумо тавҷҷуҳи хоса доранд. Чаро?

— Дар ҳақиқат ҳам дар донишгоҳи мо донишҷӯён аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таълим мегиранд. Намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон нисбати дигар давлатҳо зиёдтаранд.

Робитаҳоямон бо ин кишварҳо хело қавӣ аст,ки дар асоси анъанаҳои фарҳангию илмии дарозмуддат ба роҳ монда шудааст.

Боиси ёдоварист, ки факултаи "Иқтисод ва савдо" яке аз қадимтарин факултаҳо буда, ҳанӯз соли 1907 таъсис ёфтааст. Ин факулта (ихтисос) дар байни ҷавонон ва донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои ИДМ хеле маъруф аст. Суръати тағйирёбии иқтисоди ҷаҳон ҳеч гоҳ ба муносибатҳои мо халал нарасонд, балки мо бо дарёфти роҳҳои нави омӯзиш ин тағйиротро мутобиқ гардонида барои пешрафти он замина тайёр намудем.

Ҳоло мо ба тайёр намудани иқтисоддонҳои оянда аз рӯи се ихтисос: "Соҳибкорӣ", "Молшиносӣ" ва "Фаъолияти гумрукӣ" машғул ҳастем. Ҳар як ихтисос бахшҳои худро дорад, аз ҷумла "Тиҷорат", "Менеҷери маҳсулот", "Тафтишоти мол ва фаъолияти баҳодиҳӣ", "Пардохтҳои гумрукӣ". Омӯхтани ин ихтисосҳо хеле ҳам шавқовар аст.

Ҳатто як назар ба ҷадвали дарсҳо аз рангорангии фанҳо, ки аз мудирияти муосир дарак медиҳад, басанда аст. Физикаи классикӣ дар ҳамсоягӣ бо асосҳои микробиология, математикаи олӣ ва омор. Ва дар баробари онҳо "Экспертизаи молҳои заргарӣ", "Аудити ташкилотҳои тиҷоратӣ", "Хизматрасонии лоҷистикӣ", "Тартиб додани номҳои тиҷоратӣ", "Тиҷорати байналмиллалӣ", "Усулҳои пешбарандаи фурӯш".

-Инҳо илмҳои назариявӣ мебошанд… Ба дарсҳои таҷрибавӣ чӣ қадар  вақт ҷудо шудааст?

— Дарсҳои лексионӣ то ҳадди аққал коҳиш дода шудаанд. Намуди асосии омӯзиш дар факулта —таҷрибагузаронӣ, дарсҳои семинарӣ, корҳои лабораторӣ, мастер-класҳо мебошанд. Соатҳои умумии дарсҳои таҷрибавӣ то 70-80 фоизи барномаи омӯзиширо ташкил медиҳад. Ин бахши муҳимтарини консепсияи педагогии мо ба шумор меравад ва вазифаи асосии он "тайёр намудани мутахассисон ба талаботи мушаххаси бозори меҳнат" мебошад.

Ҳамин аст, ки донишҷӯёни мо шурӯъ аз соли дуюми хониш дар баробари омӯзиш ба таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои машҳури тиҷоратӣ аз ҷумла, "Атак", "Ашан", "Оби", "Перекресток", "Карусел", "Леруа Мерлен", "Метро" машғул мешаванд. Бузургтарин марказҳои фурӯшу тиҷорат бо мо ҳамкорӣ доранд.

То соли охири таҳсил донишҷӯёни мо то ба вазифаҳои менеҷери калон расида, ҳатто нуқтаҳои тиҷоратии худро фаъол мегардонанд.

Ғайр аз ин мутахассисон нишон  доданд, ки маҳз дар соҳаи савдо донишҷӯён ба мувафаққият ноил мешаванд. Масалан, яке аз хатмкунандагони соли гузашта корхонаи нонпазӣ ва дигараш корхонаи хусусии панирбарорӣ кушоданд. Аксари донишҷӯёнамон интернет-мағозаҳои худро доранд.

-Яке аз тахассуси анаънавии факулта, молшиносӣ аст. Талаботи бозори ИДМ ба молшиносон дар кадом сатҳ қарор дорад?

— Яке аз мисоли рӯшан ин Қазоқистон аст. Аз қадимулайём тиҷорат ва савдои ин кишвар таҳкимбахши муносибатҳояш бо дигар мамлакатҳо буда, имрӯз ҳам рӯ ба рушд дорад. Вале корхонаҳои тиҷоратии машҳури чун "Ашан", "Оби" ё"Атак", дар ин мамлакат нав ба фаъолият шурӯъ карда истодаанд. Самаранокии нуқтаҳои нави тиҷоратӣ таҳайуроваранд, аммо ҷумҳурӣ аз нарасидани мутахассисони соҳаи савдо танқисӣ мекашанд.

Ин маънои онро дорад, ки ба тиҷорат хатмкунандагони коллеҷу курсҳои кӯтоҳмуддат машғул хоҳанд шуд. Ва бозорҳои ин кишвар ба мутахассисони хуби кордон ниёзманд мемонад.

Мо махсусан чунин мутахассисонро тайёр мекунем: онҳо ҳам ба талаботи бозори Русия ва ҳам ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бахшҳои маҳдудтари ни фаъолиятҳо, амсоли технологҳо ё лигистҳо, ё маркетологон вуҷуд доранд. Мафҳуми "молшинос" ба дигар забонҳо тарҷума намешавад. Аз ҳамин сабаб хатмкунандандагоне, ки ба хориҷи кишвар барои кору фаъолият сафар мекунанд, номи тахассуси худро гуфта дастури фанҳои дар донишгоҳ омӯхтаашонро ба забони англисӣ пешниҳод менамоянд. Баъди ин соҳибкорон онҳоро дарҳол ба кор қабул мекунанд.

Мавзуъ

Беҳтарин донишҷӯи хориҷии Адигей: аз тоҷик буданам мефахрам
Барчаспҳо:
хатмкунандагон, тиҷорат, соҳаи савдо, ҳамкорӣ, маориф, омӯзиш, таҳсили ройгон дар ФР, Донишгоҳи Иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов, Марина Александровна, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, ИДМ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ