03:37 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Донишҷӯён дар дарс. Акс аз бойгонӣ

Қазоқистон 97 довталаби тоҷикро ба таҳсил даъват мекунад

© Sputnik / Александр Гращенков
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
3201

Шурӯъ аз соли оянда довталабон имкон пайдо мекунанд бидуни гузаштан аз шӯъбаи омодагӣ омӯзишро дар донишгоҳҳои кишвари ҳамсоя аз курси аввал оғоз намоянд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Ҳукумати Қазоқистон мехоҳад барои довталабони ҳашт кишвари ҷаҳон ҷойҳои буҷавӣ ҷудо намояд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Kazinform.

Ба гуфти директори шӯъбаи макотиби олии Вазорати маорифи ҶҚ Гулзат Кубонова сухан дар бораи 100 квотаи таҳсил меравад.

"Тибқи созишномаи байналмиллаӣ, имсол ба мактабҳои олии Қазоқистон қабули беш аз 90 — нафар аз Тоҷикистон, 4 нафар — аз Қирғизистон, 20 нафар — аз Чин, 1 нафар — аз Муғулистон, 1 нафар — аз Украина, 3 нафар — аз Беларус, 1 нафар — аз Миср ва 46 нафар довталабон аз Афғонистон дар назар аст",-шарҳ дод ӯ.

Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки имсол миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон созишномае ба имзо расидааст, ки мутобиқи он аз соли 2017 шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар шуъбаҳои омодагӣ нахонда, метавонанд  барои таҳсил дар курси аввали мактаби олӣ довталабӣ кунанд.

Ҳамасола барои довталабон аз Тоҷикистон 100 ҷои буҷавӣ ҷудо карда мешавад. Имсол бошад макотиби олии Қазоқистон қабули 97 шаҳрванди Тоҷикистонро ба нақша гирифтааст.

Қаблан хабар дода шуд, ки Россотрудничество барои донишҷӯёни Тоҷикистон 342 квота ҷудо намудааст.

Мавзуъ

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад
Самара довталабони тоҷикро даъват мекунад. Ба таҳсил
Барчаспҳо:
97 ҷой, квотаҳои таҳсил, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ