20:34 27 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
21 0 0

Даври якуми озмуни байналмиллалии “Ватани ман-ИДМ” ба анҷом расид. Озмун дар доираи барномаи “Забони русӣ” барои солҳои 2016-2020 гузаронида мешавад.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Паёми мактаббачагони тоҷик барои дӯстони худ аз дигар кишварҳои ИДМ зимни ба анҷом расидани даври аввали озмун яке аз беҳтаринҳо дониста шуд, хабар медиҳад Россотрудничество.

Озмуни "Ватани ман-ИДМ" ба 25-солагии истиқлолияти давлатҳои аъзои ИДМ бахшида шуда аз ҷониби Оҷонсии федералӣ оид ба ИДМ ва Россотрудничество баргузор карда мешавад.

Паёми худро мактаббачагони синфҳои 5 то 12 аз Арманистон, Молдова, Тоҷикистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Русия равон карданд. "Ҳар як паём ин натиҷаи корҳои эҷодии гурӯҳи хонандагон дар шакли презентатсия, видео ва ғайраҳо мебошад, ки ба ҳамсолони худ ба дигар малакатҳои хориҷ мефиристанд",-омадааст дар хабарнома.

"Ҷолиб аст, вақте, ки намояндагони кишварҳои гуногун суханони ҳамдигарро дарк мекунанд ва омодаанд ба ҳамдигар ёрӣ расонанд",-навиштааст, иштирокчии гурӯҳи мактаббачагони мактаби Славянии Тоҷикистону Русия Латифа Ғаниева.

Акнун мактаббачагони тоҷик дар даври дуюми озмун иштирок карда, фикру андешаи худро оиди истифодаи забони русӣ барои таҳким ва рушди муносибатҳои минбаъдаи кишварҳои ИДМ мефиристонанд.

Ғолибони озмунро тӯҳфаҳо интизоранд.

Қайд мегардад, ки озмун дар доираи барномаи "Забони русӣ" баррои солҳои 2016 2020 гузаронида мешавд. Ҳадаф аз баргузории озмун ҷалби кӯдакони кишварҳои гуногун ба омӯхтани забони русӣ бо истифода аз шаклҳои ҷадиди технологӣ ва ташкили фазои мусоид барои омӯзонидани ин забон мебошад.

Мавзуъ

Таҳсил дар донишгоҳҳои Русия
Барчаспҳо:
мактаббачагони Душанбе, паёми беҳтарин, озмуни "Забони русӣ" барои солҳои 2016-2020, Россотрудничество, ИДМ

Мавзӯъҳои асосӣ