06:21 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Дарс дар мактаб. Акс аз бойгонӣ

Раисҷумҳур ба ҳар як хонандаи синфи якум компютер тақдим мекунад

© Sputnik / Михаил Фомичев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
25510

Пас аз ошноӣ бо ҳисоббарорҳои омӯзишӣ, раисҷумҳур зердастонашро барои хариди техника вазифадор кард

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Донишомӯзони синфи якуми Туркманистон дар остонаи "Рӯзи дониш" аз раисҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 142 ҳазору 819 ҳисоббарори омӯзишӣ ҳадя хоҳанд гирифт.

Бино ба иттилоъи расонаҳои маҳаллӣ ин масъала дар ҷаласаи ҳукуматӣ баррасӣ шудааст, ки он ҷо Бердимуҳаммадов бо намунаҳои ҳисоббарори омӯзишӣ ошно гарддидааст.

Пас аз ошноӣ бо намунаҳои ҳисоббарори омӯзишӣ, раисҷумҳур зердастонашро барои хариди онҳо вазифадор кардааст.

Расонаҳо дар бораи маблағи умумии ҳисоббарорҳо ва аз модели компютерҳо хабар надодаанд.

Анъанаи ҳадяи ҳисоббарорҳои омӯзишӣ ба хонандагони синфи якум, дар Туркманистон аз соли 2001 роиҷ шудааст.

Мавзуъ

Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов болои Омударё пул кушоданд
Бердимуҳаммадов: ҳалли масоили Афғонистон аз роҳи низомӣ имкон надорад
Барчаспҳо:
тақдими ҳисоббарорҳои омӯзишӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ