22:02 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Мактаббачагони Душанбе

Дар панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон омӯзгорони рус кор хоҳанд кард

© Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Турсунзода мактабҳои миёна бунёд мекунад

ДУШАНБЕ, 10 июли — Sputnik. Вазири маорифу илми Тоҷикистон Нуриддин Саид мегӯяд, ки Русия мехоҳад дар Тоҷикистон панҷ мактаб бунёд кунад.

Вай дар нишасти расонаие, ки имрӯз баргузор шуд, гуфт, ки пеш аз ин бо намояндагони расмии Русия масъалаи бозсозии мактабҳоро дар Тоҷикистон баррасӣ карда буданд.

Ба гуфти вазири омӯзишу илм, қарор аст, ки ин мактабҳо дар шаҳрҳои, Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Турсунзода бунёд шаванд.

"Музокирот дар ин мавзуъ ҳануз идома дорад", — афзуд вазир.

Нуриддин Саид ҳамчунин гуфт, ки музокирот бо намояндагони вазорати омӯзиши Русия дар бораи коргумории 300 омӯзгори рус дар Тоҷикистон ҳаллу фасл шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба Тоҷикистон омӯзгорон аз фанҳои забони русӣ, физика, риёзӣ ва дигар меоянд.

"Мо таҷрибаи кор бо омӯзгорони хориҷиро дорем. Дар Тоҷикистон омӯзгороне аз Чину Туркия кор мекунанд", — таъкид кард вазир.

Бино ба санаде, ки Sputnik Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, Вазорати омӯзишу парвариши Доғистон гурӯҳе аз омӯзгорони забони русӣ, риёзӣ, улуми роёна, зистшиносӣ, физика ва кимиёро ба мактабҳои Тоҷикистон хоҳад фиристод.

Довталабони доғистонӣ бояд на камтар аз 5 сол омӯзгорӣ карда бошанд. Омӯзгорон барои як сол ба Душанбе эъзом мешаванд ва дар сурати муваффақият метавонанд қарордоди худро тамдид кунанд.

Бар асоси қарордоди дуҷониба, Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки омӯзгоронро хонаву дар ва моҳиёна 14 ҳазор рубл ҳуқуқ бидиҳад. Русия низ ин омӯзгоронро бима хоҳад кард ва моҳиёна 60 ҳазор рубӣӯл ҳуқуқ хоҳад дод.

Коргумории омӯзгорони русӣ дар Тоҷикистон дар чорчӯби тавофуқи ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни дидори раҳбари Доғистон аз Душанбе дар моҳи майи имсол амалӣ мешавад. Ин иқдом ба ҳадафи беҳбуди кайфияти омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, афзоиши шумораи мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва таҳкими равобити илмиву фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.

Мавзуъ

Коршиносон: омӯзгор набояд алфози қабеҳро ба забон орад
Омӯзгорони доғистонӣ мехоҳанд донишомӯзони тоҷикро савод биёмӯзонанд
Сафорати Амрико омӯзгорони тоҷикро ба омӯзиш даъват мекунад
Барчаспҳо:
омӯзгор, Нуриддин Саид, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ