00:52 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
22410

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Тошканд довталабони тоҷикистониро дар асоси шартнома бе супоридани имтиҳон қабул мекунад

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бори нахуст донишомӯзони тоҷик имконият пайдо карданд, ки дар Узбакистон бо низоми осоншуда таҳсил кунанд.

Шуруъ аз соли хониши 2017/2018 қабули довталабони тоҷикистонӣ ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд (ДДҲТ) бидуни супуридани имтиҳон сурат хоҳад гирифт.

"Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд  ба ин донишгоҳ дар асоси шартнома (пулакӣ) ба воситаи сӯҳбат дохил шаванд. Онҳо аз супоридани имтиҳоноти тестӣ озод шудаанд",- омадааст дар хабар.

Авохири соли 2016 Вазорати адлияи Узбакистон ба воситаи қарордоде бо Тоҷикистон низоми нави қабули довталабони тоҷикистониро ба ДДҲТ ворид карда буд.

Пештар хабар дода шуд, ки ба факулати филологии Донишгоҳи давлатии Фарғона ба гурӯҳи забони тоҷикӣ довталабон даъват карда мешаванд.  Ба нақша гирифта шудааст, ки ба гурӯҳ 15 довталаб қабул карда шаванд, ки 5 тани онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил мекунанд. Ба факулта ҳамчунин довталабони тоҷикистонӣ метавонанд дохил шаванд.

Барчаспҳо:
қабул, имтиҳон, донишгоҳ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ