00:48 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Идораи худрав. Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни мошинсавор аз мактаби олӣ "хориҷ" мешаванд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
6210

Тибқи ислоҳи қонуни марбут ба таҳсилоти олӣ ва касбӣ, ки маҷлиси намояндагони Тоҷикистон онро қабул кард, мошинсавории донишҷӯён мамнуъ мешавад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, тағйирот ба қонуни марбут ба таҳсилоти олӣ ва касбиро қабул кард.

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ҳангоми муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфтааст, бар асоси тағйирот донишҷӯёне, ки бо мошинашон ба дарс ҳозир мешаванд, аз муассисаи таълимӣ хориҷ хоҳанд шуд.

"Хориҷшудаҳо барои мошинсаворӣ ҳақ надоранд, то се сол ба донишгоҳу донишкада барқарор шаванд", — гуфтааст вазир.

Ҳамчунин имрӯз, дар иҷлосияи дувуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳое, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" пешниҳод карда буд, тасвиб шуданд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии Маҷлиси Олии ҶТ, бо ислоҳи Қонуни танзим аз ин пас дар Тоҷикистон бояд дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон дасторхони хоксорона орост, хатнасурро дар чорчӯби хонавода гузаронд,  маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони навзод ва дигар маросими вобаста ба таваллуди кӯдакро дар ҳалқаи хонавода бе забҳи чорво ва хидматрасонии ҳунарпешаҳо баргузор кард. Баргузории маросими ақиқа мамнуъ шудааст.

Мавзуъ

Иҷрои супориши Рустам Эмомалӣ: донишҷӯён кӯчаи Гагаринро побел карданд
Путин суруд мехонад: президент ҳамроҳи донишҷӯён машқи овоз кард
Ифтитоҳи Маркази хабарии донишҷӯён дар Донишгоҳи Славянӣ
Дарсҳои донишҷӯён дар Душанбе 30 дақиқа барвақттар оғоз шуданд
Барчаспҳо:
манъи худравсаворӣ, қонун, донишҷӯён, Маҷлиси намояндагон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ