17:31 07 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
349 0 0

Шаҳрдор пешниҳод кардааст, бо далели мушкилии налиётӣ дарсҳо дар муассисаҳои олии кишвар соати 9:00 оғоз шаванд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ бо пешниҳоди тағйири вақти оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои касбӣ-техникии пойтахт ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданист. Шаҳрдор пешниҳод кардааст, ки дарсҳо аз соати 09:00 оғоз ёбанд.

Ҳукумати шаҳри Душанбе дар ин бора  ба Вазорати маориф ва илми ҶТ мактуб ирсол хоҳад кард. 

Охирҳои моҳи августи соли равон Вазорати маориф вақти оғози дарсҳоро аз соати 7:30-и субҳ ба соати 8:00 тағйир дод.

Шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғози дарсҳоро аз соати 8:00 ба 7:30 тағйир дода буд

Далели пешниҳоди тағйири озози дарс мушкилии нақлиётӣ дар дохили пойтахт гаштааст.

Барчаспҳо:
оғози дарсҳо, мактабҳои олӣ, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ