16:10 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Намоишгоҳи  Китоби Душанбе

Ҷамъбасти намоишгоҳи "Китоби Душанбе": кӣ аълочӣ шуду кӣ таблиғгари беҳтарин

© Sputnik Амир Исаев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
57 0 0

Дар Тоҷикистон намоишгоҳи ҳафтуми байнулмилалии "Китоби Душанбе" ҷамъбаст шуд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанг, рӯзи 27 октябри соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балет маросими ҷамъбаст ва тӯҳфасупорӣ ба ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии "Китоби Душанбе"  баргузор гардид.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ғолибони озмуни Намоишгоҳи ҳафтуми байналмилалии "Китоби Душанбе"-ро бо диплом ва мукофотҳо қадр кард.

Дар номинатсияи "Ношири муваффақ" ҷои якумро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд "Ганҷ Нашриёт" ҷои дуюмро ҶДММ "Илм" ва ҷои сеюмро  ҶДММ "Ношир" ба даст оварданд.

Дар номинатсияи таблиғгари беҳтарини китоб  ҷои аввал ба шоир Гурез Сафар, ҷои дуюм ба директори КВД таъминот ва савдои "Китоб"  Сироҷиддин Икромӣ  супорида шуд.

Дар номинатсияи муаллифи сермаҳсули сол-Мирзо Муллоаҳмад ба гирифтани ҷои аввал, Равшан Раҳмонӣ ба гирифтани ҷои дуюм ва Гулчеҳра Муҳаммадиева ба гирифтани ҷои сеюм муваффақ гардиданд.

Вазири фарҳанг инчунин ба  муассисаҳо ва ноширони дохиливу хориҷии намоишгоҳ диплом супорид. 

Манбаъ афзуд, ки сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг Давлат Сафар ба чанд нафар иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ  мукофотҳои соҳавӣ тақдим намуд.

Аз ҷумла корманди муассисаи давлатии "Фурўш ва паҳни китобу нашрияҳои даврии шаҳри Душанбе" Сайҳомуддин Нарзуллоев, корманди шўъбаи ҳуқуқи Вазорати фарҳанг Азизмурод Шарифов ва директори ҶДММ  "Балоғат" Искандар Носиров бо мукофоти соҳавии "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" қадр гардиданд.

Бо мукофоти "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон " муҳаррири маҷаллаи "Илм ва ҳаёт" Номвар Қурбонов, муовини директори Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе Салим Иброҳимов, корманди муассисаи нашриявии "Адиб" Назира Адинаматова, корманди нашриёти "Ганҷ Нашриёт" Азизулло Эшонов, корманди ҶДММ "Илм" Шероз Қурбонов, директори иҷроияи ҶДММ "Контраст" Мустафо Самадов ва директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Манучеҳр Шарифзода сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин муовини вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ ҳозиринро табрик гуфта, ба 52 муассисаҳо ва ширкатҳои иштирокчӣ диплом супорид.

Адиб Мирзо Муллоаҳмад, ки роҳбари ҳайати доварони озмуни "Шоҳномахонӣ" буд, ба 25 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, Роғун ва ноҳияи Файзобод, ки дар озмун фаъолона иштирок карда, маҳорати баланди шоҳномахонӣ нишон доданд, диплом ва тўҳфаҳои озмунро супорид.

Барчаспҳо:
ҷамъбасти намоишгоҳ, "Китоби Душанбе", Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ