12:50 03 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Вазорати маорифу илми Тоҷикистон омӯзгореро барои ҷанҷолу задухӯрд бо донишомӯз танбеҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Вазорати маорифу илми Тоҷикистон ҷанҷолу задухӯрд миёни омӯзгору донишомӯз дар мактаби миёнаи шумораи 75-ро баррасӣ карда ва омӯзгорро танбеҳ додааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Ин қазия пас аз интишор ёфтани навори занозанӣ миёни омӯзгор ва донишомӯз дар он мактаб расонаӣ шуд.

Вазорати маориф барои пайгирии ин қазия коргурӯҳи вижа ташкил карда буд, ки пас аз баррасӣ эълом карда, ки ин задухӯрд воқеъан дар мактаби миёнаи шумораи 75 рух додааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷой дорад.

"Ин қазия дар моҳи маи соли 2017 замоне рух дода, ки омӯзгор дар роҳрав навбатдор буда ва донишомӯзи синфи 11 "б" Саидалӣ Асоев ҳангоми берун омадан аз синфхона омӯзгорро қасдан бо китфаш задааст. Донишомӯз аз омӯзгор пӯзиш нахоста ва ба синфхона даромадааст. Омӯзгор низ ба дунболаш ба синф даромада аз ӯ пурсида, ки чаро чунин рафтор кардааст. Донишомӯз ӯро дашном додаву гуфтааст: "Рав, кори худатро кун", — гуфтааст вазорат.

Дар наворе, ки чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоъӣ мунташир шуд, дида мешавад, ки омӯзгор дар паи бигӯ магӯ бо донишомӯз хашмгин мешавад ва мизеро ба сари ӯ партоб мекунад ва донишомӯз ҳам пас аз ин омӯзгорро бар замин меафтонад. Дигар донишомӯзон онҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд.

Гуфта мешавад, ки ин қазияро дар мактаб ҳаллу фасл кардаанд ва донишомӯз аз омӯзгор пӯзиш хоста ва ӯ низ аз падару модари донишомӯз узр хостааст. Вале омӯзгор барои қонуншиканӣ ҳангоми иҷрои вазифаи худ танбеҳ шудааст.

Ин ҷанҷолу задухӯрдро донишомӯзи дигари синфи 11 "Б" пинҳонӣ бо телефонаш наворбардорӣ карда ва пас аз чанд моҳ, ки аз мактаб донишомӯхта шудаву ҳамроҳи волидонаш ба Русия рафта, ҳамонҷо дар Интернет пахш кардаст.

Барчаспҳо:
ҷанҷолу задухӯрд, Вазорати маорифу илми Тоҷикистон, Тоҷикистон-Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ