00:34 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
31 0 0

Далер Пиров, донишомӯзи синфи 9-уми дабиристони "Ҳотам ва П.В.", аз Олимпиадаи илмӣ дар Озарбойҷон медоли тилло ба даст овард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ин олимпиад 10 — 15 декабр дар шаҳри Боку баргузор шуда ва дар он Бобохон Ҳафизов аз ноҳияи Данғара низ ширкат кардааст.

Ба гузориши хабларгузории ТоҷикТА, дар ин озмуни зеҳнӣ Далер Пиров 69 имтиёз ба даст оварда ва қаҳрамон шудааст.

"Донишомӯзи синфи 9-уми дабиристони тоҷикӣ-русии "Ҳотам ва П.В." далер Пиров дар ин олимпиада 69 имтиёз ба даст овард, ки 20 имтиёз бештар аз донишомӯзе аст, ки дувум ҷойгоҳро гирифтааст", — гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Дар ин озмун ҳар донишомӯз бояд се масъаларо ҳалл мекард, ки якез риёзӣ, дигаре аз физика ва севум аз кимиё буд.

Далер Пиров дар озмуни физика 30 имтиёз аз ҷамъи кулл, дар озмуни кимиё 28 имтиёз аз 30 ва дар озмуни риёзӣ 11 имтиёз аз 40-торо ба даст оварда қаҳрамони ин мусобиқот шинохта шудааст. Вай афзун бар медоли тилло ноутбук низ дарёфт кардааст.

Бобохон Ҳафизов, донишомӯзи яке аз мактабҳои ноҳияи Данғара, дар ин мусобиқот медоли ӣиринҷӣ ба даст овардааст. 

Мавзуъ

Роҳхати донишомӯзони тоҷик ба даври ниҳоии олимпиада аз фанни забони русӣ
Офарин!: хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ комёб шуданд
Олимпиада дар Маскав: созмони "Нур" дониши фарзандони муҳоҷиронро месанҷад
Хонандагон дар олимпиадаи байналмиллалӣ бо 10 медал парчами Тоҷикистонро боло карданд
Тоҷикистон аз ҳисоби хонандагон олимпиадарав дар ҷаҳон намоён аст
Барчаспҳо:
Бобохон Ҳафизов, Далер Пиров, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ