21:00 15 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Донишомӯзони тоҷик, акс аз бойгонӣ

"Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017" муайян шуд

© Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
136 0 0

Омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромоваро бо 1150 хол «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017» эълон шуд

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмуни "Омӯзгори сол-2017" ҷамъбаст шуд, хабар медиҳад Вазорати маорифи ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин озмун панҷ  довталаб, ки аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат буданд, аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

"Тибқи хулосаи аъзои ҳайат омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раъно Икромоваро бо 1150 хол "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2017" эълон кард",-омадааст дар иттилоия.

 Манбаъ меафзояд, ба омӯзгори сол туҳфа ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ супорида шуд. 

Ҳамчунин, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Икромова бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонда шуд.

Барчаспҳо:
ғолиб, озмун, омӯзгор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ