14:17 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
81401

Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз ширкати хонандагони мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят дар озмунҳои фаннии ҷумхуриявӣ ва байналмиллали изҳори нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ мулоқоти раиси вилоят Шодихон Ҷамшед бо намояндагони маориф баргузор гардидааст.

Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор  масъалаи "Натиҷахои ҷамъбасти фаъолияти соҳаи маорифи ВМКБ дар соли 2017" баррасӣ шудааст.

Эраҷ Ҷонмирзоев сардори Раёсати маорифи вилоят аз бурду бохти соҳа тӯли соли сипаригардида ҳисобот дода, таъкид кардааст, ки маорифчиёни вилоят баҳри ноил гаштан ба натиҷахои назаррас аз тамоми имконоти мавҷуда босамар истифода менамоянд.

Шодихон Ҷамшед аз ширкати хонандагони мактабҳои шаҳру навоҳии вилоят дар озмунҳои фаннии ҷумхуриявӣ ва байналмиллалӣ изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки "ба фаъолияти соҳаи маориф дар қиёс бо натиҷахои бадастовардаи толибилмони минтақаҳои дигари кишвар баҳогузорӣ карда мешавад".

Дар ин росто раиси вилоят ба мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар шахсони масъул дастур додааст, ки дар самти дар сатҳи баланди омодасозии толиблмон барои озмунҳои фанни чораҷӯӣ кунанд.

Ҳамчунин ба сохторҳои масъул дастур дода шудааст, ки масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо ва ба низоми муайян даровардани фаъолияти рӯзмарра дар сохторҳои соҳаи маорифи вилоятро мавриди санҷиш қарор дода, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.

Барчаспҳо:
олимпиада, маориф, Шодихон Ҷамшед, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ