06:24 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
27830

Озарбойҷон омода аст барои омода кардани мутахассисони соҳаҳои нафту газ, ихтисосҳои техникӣ, авиатсия ва дипломатия барои донишҷӯёни Тоҷикистон квота ҷудо кунад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Муҳаммадзода оид ба ҳамкории дуҷониба дар самти маориф ва илм суҳбат кардааст.

Донишҷӯёни тоҷик дар Томск. Акс аз бойгонӣ
© Фото : страница Мубориза Мирзоева в Facebook

Низоми таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба ҳам монандӣ дорад.

Нуриддин Саид оид ба зинаҳои таҳсилот дар Тоҷкистон ба сафир маълумот дода, гуфтааст, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба бо дигар ҷумҳуриҳо мебошад.

Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Ҳасан Муҳаммадзода вобаста ба низоми маорифи Озарбойҷон иттилоъ дода, пешниҳод кардааст, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм квотаҳои муштарак таъсис дода шаванд.

Ба гуфти сафир Озарбойҷон омода аст дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои нафту газ, ихтисосҳои техникӣ, авиатсия ва дипломатия барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон квота ҷудо намояд.

Барчаспҳо:
квота, мулоқот, дидор, Нуриддин Саид, Озарбойҷон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ