Осадчий: тоҷикон метавонанд забони русиро дар Интернет омӯзанд

© © SputnikМихаил Осадчий
Михаил Осадчий - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Михаил Осадчий, муовини ректори Донишкадаи забони русии ба номи А.С.Пушкин, дар мавриди имконоте, ки интернет барои омӯзиши забони русӣ медиҳад, нақл кард

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Имрӯз Русия барои тавсеаи забони русӣ дар хориҷи кишвар корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад, қайд намуд коршинос. Ба гуфтаи ӯ, ба ин масъала пас аз муддати тӯлонии хомӯшӣ баргаштаанд. Мутахассис шарҳ дод, ки чӣ навигариҳое дар ин соҳа ба вуҷуд омадаанд.

"Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳони муосир тавсеаи забон бидуни истифодаи захираҳои интернетӣ имконнопазир аст", — гуфт Михаил Осадчиӣ ба радиои Sputnik.

Кам касоне ба омӯзиши он забонҳое мепардозанд, ки дар бораашон иттилооти кам дар Интернет вуҷуд дошта бошад.

Бино бар ин барои омӯзиши забони русӣ вебгоҳи вижае созмон додаанд.

"Теъдоди зиёди хизматрасониҳо барои худомӯзии забони русӣ ба вучуд омадаанд. Ин як қадами бузург ба пеш аст. Барои бисёриҳо имконияти омӯзиши забон бе китобҳои дарсӣ ва муаллимон кушода мешавад", — шарҳ дод Михаил Осадчий.

Осадчий: где и как учить русский язык

Хотиррасон мекунем, ки чанде қабл дар Тоҷикистон ихтиёриён аз рӯи барномаи "Сафирони забони русӣ" ташриф оварда буданд. Онҳо ҷавонони кишварро ба фарҳанг ва забони русӣ ошно карданд.

Илова бар ин, Русия ба Тоҷикистон дар робита ба таъмини адабиёти дарсӣ ба забони русӣ кӯмак мерасонад. Ҳамин тавр, сарбозони рус ба мактаббачагони мактабҳои Тоҷикистон 12 ҳазор китоби дарсӣ тақдим карданд. Дар тобистони соли 2017 Русия тавассути ширкати "Россотрудничесво" чанд тонн китоби дарсӣ оид ба забони русӣ, адабиёт, санъати бадеӣ ва ҳамчунин дастурҳо барои муаллимон фиристода буд.

Дар маҷмӯъ, Русия ба мактаббачагони Тоҷикистон 20 ҳазор китобҳои дарсӣ бо вазни умумии 7,5 тонн аз тавассути Фонди "Ҷаҳони рус" ва 32 ҳазор (12 тонн) китоби дарсӣ оид ба фанҳои дигари таълимӣ барои 7 мактаб аз ҷониби созмони мухтори ғайритиҷории дастгирии барномаҳои башардӯстонаи "Миссияи башардӯстонаи рус" ирсол намудааст.

Лентаи хабарҳо
0