Дипломатҳои ояндаи тоҷик ба Арабистони Саъудӣ мераванд

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дипломатҳои ояндаи тоҷик дар Арабистони Сауъдӣ бозомӯзӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар ин масъаларосафири тоҷикистоон дар арабистони Саъудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири кулли Донишкадаи дипломатии ба номи Сауд Алфайсали Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Ҳамад Ассалома баррасӣ кардааст.

Ба гузориши равобити умумиии ВУХ тоҷикистон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири кулли Донишкадаи дипломатии ба номи Сауд Алфайсали Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Ҳамад Ассалома мулоқот намуд.

"Дар вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои ҷавони дипломатӣ баррасӣ шуд", — омадааст дар хабарнома.

Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Пизишкони тоҷик дар Арабистони Саудӣ кор хоҳанд кард

Пештар хабар дод ашуд, ки Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар соҳаи чорводорӣ ва паррандапарварӣ ҳамкорӣ хоҳад кард.

Дар ин росто, сафири тоҷик Заробиддин Қосимӣ бо раиси ширкати "Аламроъӣ" Шоҳзода Султон ибни Муҳаммад Алкабир дидор ва мулоқот кардааст.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар, ба вижа дар бахшҳои чорводорию парандапарварӣ ва коркарди саноатию бозоргирии маҳсулоти он баррасӣ шуд.

Манбаъ меафзояд, "Алмароъӣ" яке аз бузургтарин ширкатҳои Саудӣ дар бахшҳои номбурда дар ин мамлакат ва минтақа ба шумор меравад.

Лентаи хабарҳо
0