03:44 21 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Довталабон. Акс аз бойгонӣ

Дар ҶТ имтиҳонсупорӣ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд

© Российский центр науки и культуры в Душанбе
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Тестҳои озмоишӣ дар се ҳавза гузаронида мешаванд: ихтисосҳои фаннӣ, тиббӣ, улуми инсониву иқтисод

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон чорабиниҳои тахассусӣ барои дохилшавандагон ба донишгоҳҳои Русия оғоз шуд, иттилоъ медиҳад расонаи Маркази илм ва фарҳанги Душанбе.

"9-уми март дар доираи квотаи ихтисосдодашудаи ҳукумати Федератсияи Русия барои соли хониши 2018-2019, дар Тоҷикистон чорабиниҳои тахассусӣ шурӯъ шуд", — гуфта мешавад дар гузороиш.

Имтиҳонот дар вилояти Хатлони ҷумҳурӣ — дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н. Хисрав ва Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи А. Рӯдакӣ оғоз ёфтанд.

Тестҳои озмоишӣ дар се ҳавза гузаронида мешаванд: ихтисосҳои фаннӣ, тиббӣ, улуми инсониву иқтисод.

Вступительные испытания в Таджикском национальном университете
Вступительные испытания в Таджикском национальном университете

Дар рӯзи якшанбе 11 март, дар чорабиниҳои тахассусӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд, беш аз ҳазору шашсад нафар хатмкунандагони мактабҳои пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар назди довталабон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид суханронӣ намуда, ба онҳо муваффақият, бурдборӣ ва ноил гаштан ба натоиҷи хубро орзу кард.

16-уми март гурӯҳи корӣ дар таҳти раҳбарии раиси дафтари Намояндагии ширкати "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Михаил Вождаев, ки ба ҳайати он ҳамчунин намояндагони донишгоҳҳои Русия шомил мешаванд, ба Хуҷанд мераванд, то ки дар он ҷо дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон озмоишҳои тахасуссии банақшагирифтаро барои хатмкунандагони мактабҳо, литсейҳо ва гимназияҳои вилояти Суғд гузаронанд.

Барчаспҳо:
имтиҳон, имтиҳони дохилшавӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ