03:34 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Донишҷӯён. Акс аз бойгонӣ

Шасту панҷ донишҷӯи тоҷик дар Донишгоҳи Урал таҳсил мекунад

© Sputnik Амир Исаев
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск Виктор Литовченко гуфтааст, ки шасту панҷ донишҷӯи тоҷик дар мактаби олии онҳо таҳсил мекунад

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорат.

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дидори муовини якуми вазири маориф Раҳматулло Мирбобоев бо ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск Литовченко Виктор Григоревич баргузор гардидааст.

Дар ин дидор, ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шудааст.

Ректори донишгоҳ дар бораи фаъолияти донишгоҳ ва нақши он дар рушди шаҳри Челябинск ва соҳаи маориф дар самти кишоварзӣ маълумоти муфассал дод

Ӯ гуфтааст, ки донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи кишоварзӣ мутахассисонро омода намуда, бо донишгоҳҳои хориҷӣ низ ҳамкориҳои судманд дорад.

"Дар донишгоҳ 9 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки аз он 700 нафар шаҳрвандони хориҷӣ буда, 65 нафарашонро донишҷӯёни тоҷик ташкил медиҳанд", гуфтааст Виктор Литовченко.

Дар ин дидор Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии аграрии Урали ҷанубии шаҳри Челябинск созишномаи ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Барчаспҳо:
таҳсил, Вазорати маориф, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ