Раиси вилояти Суғд ба 130 донишҷӯи фаъол стипендия дод

Обуна шудан
Аз 300 нафар довталабон 130 нафар донишҷўёну магистрон ва аспирантон тавассути озмун ба гирифтани стипендияи раиси вилоят мушарраф шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Рӯзи 22 май дар қароргоҳи раисҷумҳур дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани стипендияҳои Раиси вилоят ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон баргузор гардидааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ дар ҳузури гирандагони стипендияи раиси вилоят таъкид кардааст, ки таваҷҷўҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрўз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Эмомалӣ Раҳмон аст.

"Тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷўёну магистрон ва аспирантони фаъол ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир мегардад ва пайваста бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ, зиёд шудани ҳаҷми стипендияҳои донишҷўён аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад, —гуфтааст Аҳмадзода.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба даҳҳо шогирду устод стипендия ва мукофотпулӣ дод

Таъкид гардидааст, ки аз 300 нафар довталабон 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят тавассути озмун ба гирифтани стипендияи Раиси вилоят мушарраф шудаанд.

Раиси вилоят донишҷўёну магистрон ва аспирантонро бахшида ба Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба онҳо дар ҷодаи илму маърифат комёбиҳо таманно кардааст.

Сипас, ба 130 нафар донишҷўёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят барои соли хониши 2017-2018 стипендияҳои Раиси вилоят супорида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0