19:42 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Военнослужащие 201-й РВБ передали учебную и художественную литературу в школу №37

Русия ба Тоҷикистон 2 ҳазор китоби дарсӣ равон кард

пресс-служба ЦВО
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
4710

Вазорати маорифи Русия дархости Тоҷикистонро дар мавриди равон кардани омӯзгорони забони русӣ баррасӣ дорад

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Вазорати маорифи Русия омӯзгорони забони русӣ дар Тоҷикистон ба вазорат муроҷиат намуданд, ки ба онҳо китобҳои иловагии дарсӣ равон намоянд.

Қаблан вазорати маорифи Русия аз фанҳои гуногун барои мактаббачаҳои Тоҷикистон китоб равон карда буд. Авохири моҳи май зимни сафари нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон наздик ба 2 ҳазор китоб ба Душанбе дастрас гардид.

Ҳоло Вазорати маорифи Русия дархости омӯзгорони забонии русии Тоҷикистонро дар бораи ирсол кардани китобҳи дарсии иловагӣ ва таҷҳизот баррасӣ дорад.

Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик маҷмӯаи харитаҳои ҷуғрофӣ, дафтарҳои корӣ ва таҷҳизоти махсус барои синфхонаҳои Тоҷикистон равон карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран роҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахуствазири Русия Дмитрий Медведев тақозо карда буд ки шумораи муаллимони забони русие, ки ба Тоҷикистон фиристода мешаванд, зиёд карда шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан роҳбари ожонси "Россотрудничества" Элеонора Митрофанова хабар дод, ки имсол Русия ба Тоҷикистон чанд омӯзгори дигар равон хоҳад кард.

Ба гуфтаи вай, дар кишварҳои ҳамсуд ба хусус Тоҷикистон, талабот ба омӯзгори забони русӣ зиёд аст. Русия барои соли хониши 2018-2019 ба Тоҷикистон 30 омӯзгори дигар равон мекунад.

Барчаспҳо:
китоб, Вазорати маориф, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ