Тоҷикистон дар Самарқанду Фарғона мактабу кӯдакистон месозад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкИмтиҳон дар мактаб. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳон дар мактаб. Акс аз бойгонӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар Узбакистон мактаб ва кӯдакистон барои наздики 1000 ҷойи нишаст бунёд хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Тавре Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, 19 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод, як мактаб дар Самарқанд барои 640 ҷои нишаст ва дигаре дар Фарғона барои 300 ҷои нишаст бунёд мегардад. 

Ба гуфтаи Аҳмадзода, Узбакистон низ дар навоҳии Спитамен ва Қубодиён мактаб бунёд мекунад.

Ӯ афзуд, ки созиш дар ин бора моҳи марти соли равон ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон ҳосил шуда, аллакай миёни мақомоти умури сохтмону меъмории ду кишвар созишнома баста шуд.

Лентаи хабарҳо
0