Офарин: аз 11 медали тиллои Вазорати маориф хонандагони хуҷандӣ 6-тоашро соҳиб шуданд

© Шаҳрдории ХуҷандМедали тиллои хонандагони Хуҷанд
Медали тиллои хонандагони Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар умум мактабҳои Тоҷикистонро имсол 11 хонанда бо медали тиллову нуқра хатм карданд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар натиҷаи ҷамъбасти соли хониши 2017-2018 11 хонанадаи мактабҳои Тоҷикистон медали тиллову нуқраи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Тавре дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ додааст, аз ин миқдор, шаштоашро хонандагони хуҷандӣ ба даст вардаанд.

"Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2017-2018-и Вазорати маориф ва илм аз 11 медалҳои тиллою нуқра, 6 нафарашро муҳассилини шаҳри Хуҷанд, дақиқтараш хатмкунандагони литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳр аз рӯйи равияи табию риёзӣ ба даст оварданд", — менависад манбаъ.

Ҳамин тавр, Муҳаммадҷон Ҳақимов ва Матин Ҷӯраев медалҳои тилло ва Беҳруз Мансуров, Шаҳзод Раззоқов, Фараҳноз Олимова ва Шоҳина Исмоилова медалҳои нуқраро баъди супоридани имтиҳони ҷиддӣ соҳиб шуданд.

Бахтиёр Дадобоев аз гимназияи ба номи Гёте, Фарзона Султонова аз МТМУ № 19 ва Мадина Зарифова хатмкунандаи гимназияи №24 барои иштироки фаъолашон бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Медалҳоро ба соҳибонашон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид тақдим намуд.

Қобили қайд аст, ки аз 5 медалҳои дигарро хатмкунандагони шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Лентаи хабарҳо
0