02:09 23 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Пойгоҳи Диссернет, акс аз бойгонӣ

Баъди қазияи "Диссернет": амри нави раисиҷумҳур дар бораи "ВАК"-и Тоҷикистон

© Sputnik
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
554 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки теъдоди кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президент зиёд карда шавад

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон теъдоди кормандони штатии Комиссияи олии аттестатсионӣ, ё худ "ВАК" ба 30 нафар расонда шавад.  "ВАК"­-и Тоҷикистон соли 2014 таъсис дода шуда, то ҳол 25 корманди штатӣ дошт.

Масъулини Комиссия мегӯянд, назорати корҳои илмӣ дар кишвар пурзӯр шудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран пойгоҳи "Диссернет" бо нашри гузоришҳои таҳқиқотӣ, унвон ва корҳои илмие, ки аз ҷониби олимони тоҷик ҳимоя шудаанд, зери суол бурд.

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран  фаъолияти пойгоҳи "Диссернет"-ро ғаразомез хонда, изҳор дошт, ки он як ҷанбаи хубӣ низ дошт.

Ба гуфтаи Худойбердӣ Холиқназар, баъди сарусадое, ки Диссернет баланд кард, Шӯроҳои илмии Тоҷикистон таваҷҷуҳашонро ба корҳои илмӣ ҷиддитар карданд.

Пойгоҳи интернетии "Диссернет", ки фаъолияташро алайҳи асардуздӣ роҳандозӣ кардааст, ахиран ҳудуди 40 олими тоҷикро дар асардуздӣ муттаҳам намуд. Ба иттилои "Диссернет" аксари ин олимон, ки чеҳраҳои шинохтаи ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд, қисми зиёди корҳои илмияшонро бе ишораи манбаъ аз ҳамкорони дигар дуздидаанд.

Барчаспҳо:
амри раисиҷумҳур, унвони илмӣ, Диссернет, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ