18:33 20 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Талабаҳои мактаби Душанбе

Чин ба муассисаҳои таълимии Гулистон 5 млн. сомонӣ кумак мерсонад

Пресс-служба президента Таджикистана
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Мақомоти шаҳри Гулистон ва ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” шартнома дар бораи расонидани кумаки молиявӣ барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимии шаҳр ва бунёди майдончаҳои варзишӣ ба имзо расонданд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тибқи шартномаи мазкур, ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" бо харҷи 5 миллион сомонӣ муассисаҳои таълимӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Гулистонро таъмиру тармим мекунад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Гулистон.

Шартномаи мазкур аз сӯи Матлубахон Амонзода, раиси шаҳри Гулистон ва Вен Ю Дао, и.в. директори генералии ҶДММ "Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин" дар бинои дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ба имзо расонданд.

Матлубахон Амонзода, раиси шаҳри Гулистон зимни маросими имзои шартнома, таъкид кард, ки корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои калонтарини саноати кӯҳӣ маҳсуб ёфта, дар раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар шаҳр саҳми арзанда дошта, дар рушди соҳаи иҷтимоӣ иштироки фаъолона дорад.

Барчаспҳо:
Гулистон, кумаки молӣ, таълимӣ, муассисаҳо, Чин, Суғд, мактаб, кумак, Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ