09:59 25 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.41
  • EUR11.11
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон

Тошканд сабукӣ доду Туркманистон монеа гузошт: ба Ишқобод чӣ нафорид?

© пресс-служба главы РТ
Маориф
Гирифтани линки кӯтоҳ
139201

Туркманистон қаблан аз нақшаҳои муштараки роҳи оҳанчиёни Узбакистону Тоҷикистон, ки метавонанд боиси коҳиши боркашонӣ тариқи Туркманистон гарданд, изҳори норозигӣ карда буд

ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, посухи Туркманистон дар мавриди мушкилоти мошинҳои боркаш  дар марзи ин кишварро ҳанӯз дарёфт накардааст

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт, гузариши мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз ҳудуди  Туркманистон маҳдуд карда шуда, айни ҳол аз гузаргоҳҳои сарҳадии Эрону Туркманистон ва Узбакистону Туркманистон нақлиёти боркаши тоҷик намегузаранд.

Ин монеа дар ҳолест, ки ахиран ҷониби Тоҷикистон аз сабукиҳои Узбакистон барои интиқолдиҳандагони бор тариқи роҳи оҳани ин кишвар хабар дод.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ширкати "Узбекистон темир йуллари" аз 15 августи соли 2018 то 31 декабри соли 2018 барои интиқоли транзитии ҳамаи намуди борҳо тавассути истифодаи қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баръакс ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ —20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% сабукиҳо (тахфиф) пешниҳод кардааст.

Инчунин барои содироти бор аз Тоҷикистон, дар қитъаҳои роҳи оҳани Қудуқлӣ-Келес, Қудуқлӣ-Қарақалпокистон, Амузанг-Келес ва Амузанг-Қарақалпокистон ба воситаи вагонҳои парки шахсӣ —20% ва бо вагонҳои парки инвентарӣ-30% тахфифҳо пешниҳод шудааст.

Ҷузъиёти дигари созиши роҳи оҳанчиёни ду кишвар иро нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Туркманистон оғози соли 2017 аз нақшаҳои муштараки роҳи оҳанчиёни Узбакистону Тоҷикистон, ки метавонанд боиси коҳиши боркашонӣ тариқи Туркманистон гарданд, изҳори норозигӣ карда буд.

Моҳи январи соли 2017 Вазорати умури хориҷии Туркманистон алайҳи нақшаи Тоҷикистон барои тағйири масири ҳаракати қаторҳояш дар Узбакистон, ки интизор мерафт, бидуни убури қаламрави Туркманистон сурат гирад, изҳорот дода буд.

Норозигии ҷониби Туркманистонро изҳороти Усмон Қаландарзода, ноиби раиси  "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба бор оварда буд, ки гуфт, агар масири  қаторҳои Тоҷикистон дар Узбакистон тағйир дода шавад, хати ҳаракат ҳудуди 150 километр кӯтоҳтар хоҳад шуд.

Дар ҳоле, ки ҷонибҳо ҳеч шарҳи расмӣ дар мавриди мушкилоти ахири боркашҳои Тоҷикистон дар марзи Туркманистон ироа намекунанд, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, эҳтимол созишҳое миёни Тошканду Душанбе дар мавриди боркашонӣ ба Ашқобод писанд нашуданд ва боиси эҷоди мушкилӣ гардид.

Дар ҳамин ҳол Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба интиқолдиҳандагони бор ба кишвар тавсия додаст, ки аз дигар масирҳо, яъне тавассути ҳудуди Озобойҷон, Қазоқистону Туркманистон истифода кунанд. Вазорат мегӯяд, ин роҳ тӯлонитар назар ба роҳи Туркманистон-Узбакистон-Тоҷикистон аст вале айни ҳол ягон а илоҷ ҳамин аст.

 

Барчаспҳо:
боркашонӣ, сабукӣ, роҳи оҳан, нақлиёт, монеа, мошин, Тоҷикистон- Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ